Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи харид

Нархи харид

Нархи харид, нархеро гӯянд, ки дар мамлакатҳои сотсиалистӣ мувофиқи он корхонаҳои давлатӣ маҳсулоти хоҷагии қишлоқpo аз корхонаҳои он ва аҳолӣ мехаранд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ солҳои 1924—57 якбора якчанд намудҳои Нархи харид ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истифода мешуданд: барои колхозщо нархҳои маҳсулоттайёркунӣ ва конвентсионӣ (шартӣ), барои совхозҳо нархҳои фурӯши маҳсулот. Соли  1958 дар натиҷаи бекор карда шудани амалияи маҳсулоттайёркунии ҳатмӣ гуногунии Нархи хариди маҳсулот барҳам дода шуд. Барои хариди маҳсулот, нархи ягонаи харид муқаррар карда шуд.

Гарчанде Нархи хариди маҳсулот дар тамоми мамлакат ба ҳисоби миёна як хел бошад ҳам, вале дар республикаҳои иттифоқӣ шароитҳои гуногуни табиию иқтисодии онҳоро ба назар гирифта Нархи хариди он вобаста ба миқдори хароҷоти истеҳсолот муқаррар карда мешавад. Нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз рӯи сифати он муайян мекунанд. Соли 1965 мувофиқи қарори Пленуми мартии КМ КПСС Нархи хариди бисёр маҳсулоти зироат ва чорводорӣ баланд карда шуданд ва барои ба давлат аз план зиёд фу- рӯхтани маҳсулоти зироати асосӣ 50% пули иловагӣ ҷорӣ шуд. Аз 1 май 1970 Нархи хариди як қатор маҳсулоти чорводорӣ зиёд ва барои ба давлат зиёда аз план супоридани чорво, парранда, шир, пашм ва тухм 50% пули иловагӣ муайян шуд.

Сиёсати давлатии ташаккули Нархи харид барои таъмини шароити баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва васеъ гардонидани такрористеҳсол, беҳтар гардидани робитаҳои иқтисодии шаҳру деҳот, мустаҳкам намудани асоси иқтисодии иттифоқи синфи коргару деҳқон, ба даст даровардани микдори зарурии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом барои хоҷагии халқ равона шудааст. Самараи тамоми системаи ҳисоби хоҷагӣ ба дуруст ба роҳ мондани сиёсати нарх алоқаманд асг. ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва давлатҳои сотсиалистӣ сиёсати Нархи харидро ба манфиати инкишофи мутаносиби соҳаҳои хоҷагии халқ ва балавд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашон равона кардаанд.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ё бо нархҳои муайянкардаи фермерону фирмаҳои алоҳида ё бо нархҳои бозори озод харида мешаванд, ки ин савдо ба манфиати капиталистон аст.

Ад.: Моисеев М. И., Экономические основы государственных заготовок сельскохозяйственных продуктов, М., 1055; Рудаков В. В., М е л л и я С. А., С т о р о ж е в В. И., Экономическая реформа в сельском хозяйстве социалистических стран, М., 1068; Худокормов Г. Н., Общественная стоимость и закупочные цены, М., 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …