Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи чакана

Нархи чакана

Нархи чакана, нархеро гӯянд, ки мувофиқи он ба аҳолӣ мол мефурӯшанд ва хизмат мерасонанд. Нархи чакана дар давраи сотсиализм мунтазам ба талабот таъсир расонда, истеҳсоли молро метезонад ва яке аз омилҳои афзудани даромади реалии меҳнаткашон мебошад (нигаред Даромади реалии аҳолӣ). Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ фурӯши молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониро асосан аз рӯи Нархи чаканаи давлатӣ ба амал мебароранд.

Нархи чаканаи давлатӣ мувофиқи хароҷоти меҳнати зарурии ҷамъиятӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот муайян карда мешавад. Унсурҳои асосии Нархи чакана инҳоанд; хароҷоти истеҳсолот, мубодилаи маҳсулот ва даромади корхонаҳои истеҳсолию ташкилот- ҳои савдо.

Дараҷаи умумии Нархи чакана  ва тағйироти онро Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ муайян мекунад. Нархи навъҳон нави мол ва хизматрасониро органҳои давлатии нархгузор мегузоранд; ба молҳои асосии ғайрихӯрокворӣ аз рӯи дараҷаи ягонаи умумидавлатӣ, ба молҳои асосии хӯрокворӣ, инчунин мебел, шиша, бензин ва чубу тахта бошад, вобаста ба минтақаҳо нарх мемонанд. Нархи баъзе молҳо ва хизматрасониро органҳои республикавӣ ва Маҳаллии нархгузор муайян мекунанд. Ба молҳои алоҳидаи хоҷагии қишлоқ (картошка, сабзавот, меваҷот ва ғайра) Нархи чаканаи мавсимӣ мегузоранд. Молҳои сермасрифе, ки фасон ва мӯдашон кӯҳна ё дар натиҷаи дуру дароз нигоҳ доштан пастсифат шудаанд, бо нархи арзон фурӯхта мешаванд. Нархи чакана дар прейскурант қайд карда мешавад.

Сиёсати Нархи чаканаи Давлати Советӣ ба манфиати инкишофи иқтисодиёти сотсиалистӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашон нигаронида шудааст.

Солҳои 1947—54 Нархи чаканаи давлатии молҳои сермасриф ҳар сол арзон мешуд. Дар солҳои минбаъда низ Давлати Советӣ Нархи чаканаи давлатиро мунтазам кам мекунад.

Нархи чакана дар давраи капитализм ба таъсири тағйири вазъияти бозор таносубу талабу таклифот вобаста аст. Нархи чакана дар шароити капитализми давлатию монополистӣ ҳамчун воситаи азнавтақсимкунандаи даромади миллӣ ва манфиати монополияҳо истифода мешавад. Якчанд намуди Нархи чакана мавҷуд аст. Нархе, ки аз тарафи давлат гузошта шудааст, анвои ками молҳоро дар бар мегирад. Нархе, ки онро монополияҳои саноатӣ муайян мекунанд. Ин нархи монополиест, ки гирифтани фоидаи монополиро таъмин мекунад. Нархгузории озод вобаста ба таносуби талабу таклифот гузошта мешавад.

 

Аз охири солҳои 60 дар мамлакатҳои капиталистӣ афзоиши инфлятсионии Нархи чакана шиддат ёфт, ки ба даромади реалии меҳнаткашон таъсири манфӣ мерасонад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …