Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархгузорӣ

Нархгузорӣ

Нархгузорӣ протсесси ташаккули нарх, «муайян кардан» дараҷа ва таносуби он. Дар формтсияҳои тосотсиалист Нарх ба воситаи бозор, дар протсесси рақобати байни молистеҳ- солкунандагон ба таври стихиивӣ ба амал меояд.

Дар давраи империализм монопо- лпяҳо ба молхои фурӯхташававда яархи баланд ва ба маҳсулотн хом нархи паст мегузораид. Дар давраи бӯҳрон мояополияҳо лархро паст тга- карда, кам кардани истеҳсолл мол- хоро афзалтар медопаид. Дар. нн марҳала давлат ба Н. бештар да- холат карда, ип масъаларо асосая ба манфиатн мопополияҳо ҳал ме- кунад.

Нархгузорӣ бо гузариш ба сотсиализм ба таври қатъи тағйир меёбад. Дар ни давра давлати пролетари Нархгузориро ба ихтиёри худ гирифта, онро ҳамчун олати зидди буржуазия ва барои тараққӣ додану мустаҳкам намудани хоҷагии сотсиалистӣ, баланд бардоштани зиндагии оммаи меҳнаткаш истифода мебарад. Маҳз дар ин давра приптсипҳои асосии Нархгузорӣ муқаррар карда шуд ва бори аввал органҳои давлатии пролетарӣ оид ба танзими нарх (Комитети Совети Олии Хоҷагии Халқ оид ба нарх (СОХХ) дар охири соли 1918 ба кор cap кард таъсис ёфтанд. Принсипҳои асосии Нархгузории планӣ  дар давраи сотсиализм инҳоанд:

  • Наздикшавии нарх ба сарфи меҳнати зарури ҷамъияти дар системаи нарх, сари вақт инъикос намудани дараҷа ва таносуби он.
  • Истифодаи нарх барои пешрафти илмию техникӣ ва дар асоси дирферентсиасияи нарх баланд бардоштани сифати маҳсулот.
  • Бо ёрии нарх босамар истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ; баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сарфаи захираҳои меҳнат; кам кардани масолеҳ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани боздеҳи фонд; истифодаи самарабахши табиат, пурра истифода бурдани ашёи хом» табиӣ ва кам кардани зиёне, ки ба муҳити атроф мерасонад.
  • Истифодаи Нархгузорӣ барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ — бартараф кардани фарқи байни шаҳру деҳот, доимо зиёд кардани даромади реалии аҳолӣ, беҳтар кардани шароити меҳнату маишат.
  • Истифодаи Нархгузорӣ мусоидат мекунад, ки ҳисоби хоҷагӣ дар ҳама зинаҳои хоҷагии халқ мустаҳкам гардад, муассиса ва иттиҳодияҳоро хавасманд менамояд, ки самараи истеҳсолотро афзун, арзиши аслии маҳсулотро паст кунанд, тартиботи сарфакориро риоя намоянд.

Барои такмили методҳо Нархгузории планӣ соли 1970 дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ системаи ягонаи иттифоқию республикавии органҳои давлатии Нархгузорӣ таъсис ёфт, ки он Комитети давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ оид ба нарх, комитетҳои давлатии республикаҳои иттифоқӣ оид ба нарх, шӯъ- баҳои нархи назди Совети Вазирони РАСС, вилоят, комиҷроияҳои кишвар ва ғайраро дарбар мегирад.

Базаи илмии Нархгузорӣ инкишоф меёбад соли 1967 махсус оид ба Нархгузорӣ институти тадқиқоти илмӣ ташкил ёфт, ба тадқиқоти нарх зиёда аз 200 институтҳои  уму- мииқтисодию соҳавӣ ва мактабҳои олии мамлакат машғуланд (1976). Фаъолияти онҳоро Совети илмии байниидоравӣ оид ба проблемаҳои Нархгузории (таъсисаш 1972) Комитети давлатӣ оид ба нарх ва АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ба ҳам мутобиқ менамояд.

Адабиёт.: Маркс Карл, Заработная плата, цена и прибыль, Маркс Карл, Энгельс Фридних, Сочинение, 2 издание, том 16; В.. И. Ленин и проблемы планового ценообразования, Москва 1970; Турецкий Ш. Я., Очерки планового ценообразования в ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ; Струмилия С. Г., Процессы ценообразования в ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Избранное  произведение, том 2, Москва 1963; К о м и н А. Н., Проблемы планового ценообразования, Москва, 1971; Никития С. М., Проблемы ценообразования в условиях современного капитализма. Москва 1973; Дяченко В. П., Проблемы планового ценообразования, Москва 1974; Майзенберг Л. И., Проблемы ценообразования в развитом социалистическом обществе Москва, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …