Маълумоти охирин

Нарх

Нарх ифодаи пулии арзиши мол; категорияи иқтисодӣ, ки барои чен кардани бузургии вақти кори зарури ҷамъиятии барои истеҳсоли мол сарфшуда бевосита хизмат мерасонад. Арзиши мол ба ҷои нарх хизмат мекунад, ки онро дар протсесси мубодилаи бевоситаи як мол ба моли дигар додан мумкин аст. Дар давраи инқирози сохти ҷамоаи ибтидоӣ, вақте ки тақсими меҳнат ба мубодилаи устувор ва зарурати ба вуҷуд омадани моли махсус (пул, ки дар он ҳамаи дигар молҳо арзиши худро ифода менамоянд) оварда расонд, Нарх пайдо шуд. Мол ҳамчун маҷмӯи меҳнати зарури ҷамъиятӣ, ки ба арзиши пул эквивалент аст, иваз карда мешавад. Нарх метавонад миқдори ба арзиш мувофиқ наояд, ле- кин дар миқёси ҷамъият маҷмӯи нархи тамоми мол ба ҷамъи арзиш баробар аст. Амали қонуни арзиш дар ҳамин зоҳир мегардад. Дар истеҳсолоти оддии молӣ Нарх дар атрофи арзиш ва дар замони капитализм дар атрофи нархи истеҳсолот пасту баланд мешавад. Дар шароити империализм нархҳои мопополӣ ҳукмронанд. Нарх дар дасти синфҳои истис-моргар ва давлат воситаи иловагии пурзӯр намудани истисмори меҳнаткашон, амалӣ гардонидани сиёсати империалистии мутеъсозии мамлакатҳои сусттараққӣ мебошад.

Дар ҷамъиятн сотсиалистӣ давлат Нархро дар асоси баҳисобгирии қонунҳои иқтисодии сотсиализм ва характери тарзи сотсиалистии истеҳсолот ва истеъмолот муқаррар мекунад. Нархи сотсиалистӣ ҳамчун воситаи иқтисодии роҳбарӣ ба истедсолоти ҷамъияту ва ташкили он буда, аз тарафи давлат ба манфиати тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва сохтмони коммунизм истифода мешавад. Нархи плании барои ифодаи хароҷоти меҳнати зарури ҷамъиятӣ пешбинишуда бояд барои аз нав тақсим намудани даромади миллим ҷамъият ёрӣ расонад. Вай протсесси илмию техникиро тезонида, ба афзудани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ кўмак мерасонад. Нарх имконият медиҳад, ки натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию истеҳсолии корхонаҳо бо хароҷоти зарури ҷамъиятӣ баробар карда шавад, инчунин ба ягонагии манфиатҳои аъзоёни алоҳидаи коллектив ва умумидавлатӣ ёрӣ мерасонад. Дар замони сотсиализм ҳам Нарх метавонад аз арзиш фарқ кунад. Дар иқтисодиёти сотсиалисти тағйирёбии Нархро нисбат ба арзиш давлат ба таври планӣ дар асоси баҳисобгирии омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба манфиати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ муайян мекунад. Принсипи асосии бавуҷудоии Нарх пурратар дар онҳо ифода намудани хароҷоти зарури ҷамъиятӣ дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, таъмин намудани андӯхт барои амалиёти мӯътадили ҳисоби хоҷагии корхона ва пардохт ба бюҷет аст.

Дар хоҷагии халқи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ нархҳои яклухт, чакана ва нархҳои харид мавҷуданд. Бо нархҳои яклухти корхона маҳсулот байни корхонаҳои давлатӣ ва ташкилоҳдои таъминотӣ фурӯхта мешавад. Бо нархи яклухти ‘саноатӣ молҳо ба муассисаҳои савдо фурӯхта мешаванд. Дар хоҷагии халқ нархҳои ягонаи харид барои колхозу совхозҳо амал мекунанд. Дараҷаи миё- наи нархҳои харидро комитети нархи умумииттифоқ муайян мекунад. Дар республикаҳои иттифоқӣ  дар натиҷаи баҳисобгирии хароҷот дар минтақаҳои гуногуни табиию иқтисодӣ, ҳамчунин вобаста аэ сифати маҳсулот дифференсиасаи минтақавии нархҳои харид ҷой дорад. Бо нархҳои чакана молҳои нстеъмолии халқ ба воситаи савдои давлатӣ ва кооператив» фурӯхта мешаванд. Масъалаҳои баплангирии Нарх дар Иттифоқи Советӣ ба воситаи сиёсати давлатии нархгузорӣ ҳал карда мешавад. Вазифаҳои методӣ ва ташкилии ташаккули нархи молҳон асосиро Комитети давлатии  ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ оид ба нарх баҷо меорад. Нархи як қатор молҳоро республикаҳои иттифоқӣ муайян мекунанд. Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба нарх нархҳои яклухт ва чаканаи либосҳои дӯхта, мебел, моҳии зинда, маснуоти қаннодӣ, консерваҳои сабзавоту мева ва ғайраро тасдиқ ва назорат менамояд. Тарифҳои хизматрасониро комитетҳои иҷроиян вилоятӣ тасдиқ мекунанд.

Детсентрализатсиияи нархҳо дар шароити роҳбарии ягонаи методологнӣ ва ягонагии нархҳо имконият медиҳад, ки дар вақти муайян намудани Нарх хусусиятҳои истеҳсол ва истеъ- моли маҳсулот пурратар ба ҳисоб гирифта шуда, мӯҳлати тасдиқи ин нархҳо кӯтоҳ ва он ба яке аз воситаи самараноки тараққиёти истеҳсолот табдил ёбад.

Ад.: Маркс К., Капитал, т. 2; гл.17, Маркс К., и Энгелс Ф., соч.,2 иэд., т. 24, хамон ҷо, т. 3, гл. 8—12, хамон чо, том 25, ҷилди 1, х а м о н м у а л л и ф Теория прибавочной стоимости, ҳамон ҷо, том 26, ҷилди 1—3, глава 3, 10, 19, 20; Энгелс Ф., Закон стоимости  нормы прибыли, ҳамон ҷо, том 25, ҷилди 2; Ленин В. И., Империализм ҳамчун дараҷаи баландтарини капитализм, ас., ҷилди 22—27; К о м и н А. Н.,

Проблемы планового ценообразования, Москва 1971; М а Й з е н б е р г Л. И., Проблемы ценообразования в развитом  социалистическом обществе, Москва, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …