Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нардсунбул

Нардсунбул

Нардсунбул сунбули румӣ, валериана (Valeriana), ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи нардсунбулҳо. Барги яклухту сетоӣ 6 парра-парра чока, гули майдаи қифшакли сафед ё гулобй дорад. Зиёда ап 200 намудаш асосан дар кўҳҳои Анди Америкаи Ҷанубӣ ва Евросиё паҳн шудааст. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ қариб 30 намуди Нардсунбул месабзад. Дар байни онҳо  бештар Нардсунбули д о р у ӣ (officinalis) дар тамоми ҳудуди ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (ба ғайр аэ ноҳияҳои Шимоли Дур ва биёбонҳо) мерўяд.

Реша ва решапояи Нардсунбул равғани эфир, кислотаҳои валериан, сирко, формиат, алкалоидҳои валерии ва хатинин, моддаҳои даббоғӣ, қанд ва ғайра дорад. Қиём, шарбати спиртӣ ва эфирии Нардсунбулро чун моддаи  таскиндиҳанда (ҳангоми неврози системаи дилу par, ихтилоли медаву рӯда, бедорхобӣ  ва ғайра) истифода мебаранд. Дар Украина, Поволжи- яи Миёна, кишвари Краснодар ва баъзе ноҳияҳои дигар. Нардсунбули худрӯйро меғундоранд. Дар Белоруссия, вилоятҳои Воронеж, Москва, Новосибирск ва Киров бошад, Нардсунбулро кишт карда аз ҳар га аз 5 то 25 и решапояи хушк ва қариб 2 тс тухм мегиранд.

Дар Тоҷикистон 4 намуди Нардсунбул (V. chionophila, V. ficariifoli&, V. dubia ва V. fedlschenkoi) дар сояю байни харсангҳо, нишебӣ ва даруни дараҳо, буттазор ва ғайра мерӯянд. V. fi- cariifolia (нигаред расм) ва V. dubia гиёҳҳоб доруӣ мебошанд.

Ад.: Ворошилов В. Н., Лекарственная валериана, М. 1959; Комаров В. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …