Маълумоти охирин

Нард

Нард боали маъруфи қадимӣ, аэ ихтирооти халқҳои эронинажод; тахтаест (тақрибан 64x 66 см) мунаққаш, ки сатҳи онро ба ду сафҳаи мушобеҳи ҳам тақсим кардаанд ва дар рўи ҳар яки он ду сафҳа 6 хона дар тарафи рост ва 6 хона дар тарафи чап қарор дода, бо ду тос, (каъб, шашхол ҳам мегӯянд) ва 30 муҳра (15 мӯхра ба ях ранг ва 15 ба ранги дигар) дар рўи он сафҳа мебозанд. Оид ба пайдоиши Наргис фикрҳои мухтлиф ҳаст. Дар аксари маъхазҳо, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадаст, ки Наргисро Бузарҷмеҳр (Бу- зургмеҳр) дар муқобили шатранҷ ихтироъ кардааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки Наргис қадимӣ буда, ду тос доштааст ва Бузургмеҳр ду тоси  дигар изофа намудааст.

Дар маъхавҳои дигар гуфта мешавад, ки Наргис аз номи Ардашери Бобакон (180—241) омадааст ва дар ибтидо онро анардашер, нардшер, навардшер мегуфтанд. Наргис аслан аз Осиёи Миёна ба дигар кишварҳо паҳн шудааст. Ҳафт навъи бозӣ вуҷуд  дорад: 1) «таъбияи аввал», 2) «таъбияи сонй*, 3) «тавил», 4) «мӯҳрабанд*, 5) «масоф», 6) «ҳисор» ва 7) «мансуба», ки тартибу қоидаи ҳар кадоме гуногун аст. Аз инҳо фақат 3—4 навъи бозӣ то замони мо омада расидааст; масалан,«таъбияи аввал», ки бозии кӯтоҳ ё мухтасар ҳам меноманд, бештар дар Эрон, мамлакатҳои араб ва Европа шўҳрат дорад ва дар он мӯҳраҳо дар 8 баҳр чида мешаванд. «Таъбияи сонӣ» айни худи ҳамон бозии аввал аст, аммо ба ҷои 2 тос бо 3 тос мебозиданд. «Тавил», ки онро бозии дароз ҳам мегўянд, бештар дар Осиёи Миёна, Кавказ ва Туркия шӯҳрат дорад ва дар он мӯҳраҳо дар ду бахр (15 мўҳра дар дар баҳр) чида мешававд. Бозии «Мӯҳрабанд» айнӣ худи ҳамон бозии «тавил» аст, аммо агар мӯҳраи ҳариф танҳо бошад, ба рўи он мӯҳраи муқобил нишаста, онро асир мекунад ва муддате аз ҳаракат бозмедорад.

Нард дар Европа бо номҳои дигар маълум аст. Масалан, Ҷ. Диккенс ва Ҷ. Голсуорсн дар асарҳои худ бозии Нардро ба номи «трик-трак» овардаанд. Руминдо низ «трик-трак», юнониҳо «тавлей», немисҳо ва венгерҳо «пуфф» меноманд. Сарфи навар аз гуногуни ном тарз ва мазмуни бозӣ як хел аст, яъне аввал мўҳраҳо дар лашкаргоҳ дар чанд баҳр чида мешаванд, ҳарифон ба навбат тосҳоро ба рӯи тахта мепар- тоянд, чанд хол, ки барояд, мутобиқи он мўҳраҳоро зина ба зина гирдогирди ҳамаи сафҳаро тай карда, ба ҷониби марра (ё хонаи худ) ҳаракат медиҳанд ва дар айни замон мӯҳраҳоро дар он дар ҷо (ё гоҳҳо) мегузоранд, ки ҳаракати минбаъдаи мӯҳраҳои худ то ҳадди имкон осон ва ҳаракати мӯҳраҳои ҳариф душвор ва ҳатто номумкин гардад.

Ҳар мӯхра фақат дар гохҳои холӣ ё гохҳое, ки мӯҳраи худ қарор гирифтааст, бозистода метавонад. Ҳар навбати бозиро зарб, ҳолатеро, ки мӯҳраҳои ҳариф ба марра гуаашта наметавонад, шашдар (ё мушашдар) меноманд. Ҳар кас, ки мўҳраҳои худро пештар аз сафҳа берун бароварда, марраҳоро холӣ кунад, ӯ ғолиб ҳисоб меёбад. Аммо агар касе маррагоҳро холӣ кунаду то ин вақт ҳариф ҳеҷ мӯҳрае берун карда натавониста бошад, малс (ё марс) меноманд, ки ба ду бурд баробар аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …