Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нағзакканӣ

Нағзакканӣ

Нағзакканӣ обилакӯбӣ, усули пешгирии нағзаки табиӣ бо роҳи сирояти сунъии одам ба воситаи вируси ваксинаи нағзак. Дар замонҳои қадим дар Хитой, Ҳиндустон, Африка усули вариолясия истифода мешуд. Мувофиқи ин усул ба зери пусти одами солим (ё ба пардаи луобии бинӣ) дубобча ё рими хушконидаи нағзакро мефиристоданд. Дар натиҷа беморӣ сабуктар гузашта, организм ба нағзак имму­нитет ҳосил мекард. Дар асри 18 вариолясияро дар мамлакатҳои Европа, аз ҷумла Россия, истифода мебурданд. Вале баад аз он баъзан шак­ли вазнини беморӣ рӯй медод ва гоҳо шахси дар натиҷаи вариолясия ба нағзак гирифторшуда манбаи си­рояти дигарон мегардид. Ҳангоми вариолясия ба беморҳои сироятии дигар низ гирифтор шудан мумкин буд. Усули нағзакканиро соли 1796 духтури англис 3. Ҷеннер пешниҳод намуд ва ин усул минбаъд ваксина­сия (аз лотинӣ vaocinum — нағзаки гов) номида шуд.

Ваксинаро дар натиҷаи бо «вируси ваксинаи нағзак (вируси нағзаки табиӣ, ки якчанд маротиба ба гӯсола чет карда шуда, хосияти нагааки говро пайдо кардааст) сироят кунонидани гӯсола ҳосил мекунанд.

Татбиқи Нағзакканӣ дар амалияи нигаҳдории тандурустӣ боиси хеле камшавии бемории нағзак гардид. Вале дар бисёр мамлакатҳо Нағзак ҳатмӣ намебошад. Дар СССР Нағзакро дар байни ҳа­маи бачагони 1—2-сола, ҳангоми таҳдиди эпидемияи нағзак бошад барвақттар мегузаронанд. Нағзак дар синни 8 ва 12-солагӣ, барои коркунони тиббу хизмати коммуналӣ ва ғайра дар ҳар 5 сол як бор такроран гузаронида мешавад. Нағзакро ба рӯи пӯст (баъди дезинфексияи пӯст ваксинаро ба он молида чет мекунанд) мегузаронанд. То пӯстпартоӣ оббозӣ кардан мумкин нест. Агар баъди пӯстпартоӣ доғи захм боқӣ намонад, Нағзакро бенатиҷа шуморида, онро такрор мекунанд. Ҳангоми шиддатёбии беморӣ, ки хело кам ба вуқӯъ меояд, аз гаммаглобулини зиддинағзак истифода мебаранд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии нигахдории тандурустӣ нағзак ҳоло дар тамоми ҷаҳон барҳам хӯрдааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …