Маълумоти охирин

Нағма

Н а ғ м а  (ар. — наво, оҳанг), садои мусиқӣ, тон. Бо садо доданаш ба лаҳни хосу дар авҷи муайян аз дигар садоҳои табиӣ фарк мекунад. Олимони Шарқ Нағмаро ба ду навъ ҷудо кардаанд: қавлӣ (овози инсон) ва феълӣ (садои сози мусиқӣ). Оҳангу сурудҳо аз маҷмӯи зарбу Нағмаҳо таркиб меёбанд. Дар натиҷаи ба ҳам пайвастани Нағмаҳо бӯъд, ҷинс, ҷамъҳо ва ниҳоят оҳанги комил ҳосил мегардад; дар яки ин ҷузъҳо бо як усулу тартиби муайян ба ҳам пайваст мешаванд. Дар бай­ни халқ Нағма ба маънои оҳанг истифо­да мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …