Маълумоти охирин

Наъно

Наъно, пудинаи боғӣ, ҳулбӯи обӣ (Mentha_pi­perita), гиёҳи бисёрсолаи хушбӯест аз оилаи лабгулҳо. Баландиаш 50— 100 сантиметр, пояаш рости сершоха, баргаш кӯтоҳдумчаи байзашакли дарозрӯя (дарозиаш 3—6 сантмиетр, бараш 1,5—2 сантиметр), гулаш майдаи дуҷинса, сурхтоби бунафш, гулобӣ ё бунафш, хушбую сершаҳд (занбӯр аз гулҳои ҳар га наънозор то 200 кг шаҳд меғундорад), мевааш чормағзаки бу­ри сиёҳтоб (1000 донааш 0,065 г). Моҳҳои июн — сентябр гул мекунад. Хеле кам тухм мебандад. Наънои худрӯй вуҷуд надорад. Наъноро фақат кишт мекунанд. Сабзаҷоти машҳур будани Наъноро ҳанӯз Абӯали Сино қайд карда буд. Тоҷикон Наъноро аз қадимулайём бо таомҳои гуногун истеъмол мекунанд. Кишти Наъно дар Англия асри 17 ва дар Россия соли 1895 оғоз ёфтааст. Taxмин мекунанд, ки Наъноро дар натиҷаи дурага кардани ду намуди пудина ё ҳулбу Mentha aquatica ва М. spicata ба вуҷуд овардаанд. Махсусан ду хели Наъно— сафеднаъно (М. piperita f. palescens) ва сиёҳнаъно (М. piperita I. rubescens) маъмул аст.

Ҳоло Наъноро асосан барои истеҳсоли равғани эфир дар Австралия, Анг­лия, Италия, Франсия, Япония, ШМА, Африкаи Шимолӣ ва Шарқи, Булғория, Венгрия ва СССР (Мол­давия, кишвари Краснодар, Украина, Шарқи Дур) парвариш мекунанд. СССР дар истеҳсоли равғани эфири Наъно дар дуньё яке аз ҷойҳои аввалро мегирад. Ҳанӯз соли 1939 дар Иттифоқи Советӣ аз Наъно 135 ҳазор килограмм равғани эфир гирифта буданд. Дар ҷаҳон аз Наъно соле 1272 ҳазор килограмм равғани эфир ба даст меоранд, ки қариб 25% онро дар мамлакати мо истеҳсол ме­кунанд.

Асосан равгави эфир, ментол ва барги Наъноро истифода мебаранд. Бар­ги Наъно 2—2,7%’, хӯшагулаш 4—6% ва пояаш то 0,3% равғани эфир (40— 65%-аш ментол, каме пинен, лимо­нен, дипентен, фелландрен, синеол, пулегон, жасмон ва ғайра) дорад. Дар барги Наъно инчунин 25 мг% витамини С, то 40 мг% каротин ва 14 мг% ру­тин ҳаст.

Хусусиятҳои доруди Наъно ҳанӯз ба Диоскорид (асри 1 мелодӣ), Гален, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ Сино, Берунӣ ва дигар маълум буд. Масалан, Абӯалй Сино марҳамеро, ки аз Наъно тайёр мекард, ба­рои табобати дарди cap, ҳар гуна римхона ва ғайра истифода мебурд, бо оби Наъно бошад, бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро муолиҷа мекард; тухми Наъноро позаҳр меҳисобид. Дар амалияи тибби муосир барг (Folia Menthae piperitae), равғани эфири Наъно (Oleum Menthae piperitae) ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, ба­рои табобати зиққи дил, невралгия, мигрен, бемориҳои илтиҳоби, узвҳои ҳозима, ҷигар ва ғайра истифода мебаранд.

Дар фитотерапия (табобат бо растанӣ) бо Наъно гипертония (ғалаёни хун), атеросклероз, иллати гурда, ҷигар, рӯдаву меъдаро муолиҷа мекунанд. Ментоли равғави эфири Наъно инчунин барои тайёр кардани хамира ва хокаи дандоншӯӣ, равғанҳои молиданӣ ба кор мераванд. Равғани эфири онро дар қаннодӣ ва истеҳсоли атриёту машрубот низ фаровон истифода мебаранд.

Адабиёт: Ковалёва Н. Г., Леченые растениями, Москва, 1972; Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, Москва, 1972; Приступа А. А., Основные сырьевые растения и их исполь­зование, Ленинград, 1973; Турова А. Д., Ле­карственные растения СССР и их применение, Москва, 1974; Полуденный Л. В. [ва дигар], Эфирномасличные и ле­карственные растения, Москва, 1979.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …