Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нанайҳо

Нанайҳо

Нанайҳо (худ нанай гӯянд, но­ми қадимиашон голдҳо), ҳалқест, ки асосан дар соҳилҳои поёноби дарёи Амур (кишвари Хабарови РСФСР) ва шохобҳои рости дарёи Уссури (кишвари Приморияи РСФСР) маскунанд. Шу- мораашон дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ тақрибан 10,5 ҳазор нафар (1979). Гурӯҳи хурди Нана дар Хитой, байни давлатҳои Сунгари ва Уссури низ зиндагӣ мекунанд. Ба забони нанайӣ ва қисми зиёдашон ба забони русӣ гап мезананд. То ибтидои асри 20

қатъи назар аз паҳн шудани мазҳаби православӣ, шамания таъсири калон дошт. Дар этногенези Нана аҷдодони аҳолии маҳаллии Приамурия, инчунин гурӯҳҳои гуногуни тунгусу манҷур ва эҳтимол, муғулҳо иштирок кардаанд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аксарияти Нана дар колхозҳо кор мекунанд. Дар колхозҳо баробари хоҷагии анъанавии моҳигирӣ ва шикор, чорводорию деҳқонӣ низ тараққӣ мекунад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …