Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наналол Далпатрам

Наналол Далпатрам

Наналол Далпатрам (16. 03. 1877, Аҳмадобод — 09. 01. 1946, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги ҳинду. Ба забо­ни гуҷаротӣ менавишт. Асари авва­линаш достони лирикии «Иди баҳор» (1899). Драмаи лирикии «Ҷая ва Ҷаянта» (1914), ки ба тарафдории баробарҳуқуқии занон иавишта шуда­аст, дорои афкори фалсафист. Асар­ҳои Калидаса — «Шакунтала» (1926) ва «Абри қосид» (1917), достони фалсафии  Баҳагавадгита» (1928) аз «Маҳабҳарат» ва «Панҷ упаниша- да»-ро (1931) ба гуҷаротӣ тарҷума кардааст. Драмаҳои «Ҷаҳонгир ва Нурҷаҳон» (1928), «Император Ак­бар» (1930) ва ғайра ба воқеаҳои таърхӣ бахшида шудаанд. Дар достони эпикии бисёрҷилдаи «Курукшетра» (1926—1940, дар асоси «Маҳабҳарат») Нанак манзараҳои ҷанг ва азобу уқубати ба сари мардум омадаро тасвир намудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …