Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Шоири ҳинду Нанак

Шоири ҳинду Нанак

Нанак (15.04.1469, Талванди, ноҳияи Шекхупураи Панҷоб — 22.  09. 1539, Картарпур), шоири ҳинду, тарғиботчӣ ва идеологӣ сикҳизм. Аз оилаи тоҷир. Ба забони панҷобӣ эҷод кардааст. Нанак ягонагиву муттаҳидии динӣ, баробарии иҷтимоӣ ва табақавӣ, баробарии занону мардон, такомули рӯҳи, даст кашидан аз чиҳатҳои маросимии динҳои мавҷударо тарғиб намуда, пайравонаш — сикхҳоро ба зиндагии фаъолонаи дунявӣ даъват мекард. Дар ҷамоаи ӯ пайравон қатъан тобеи устод (гуру) буданд. Намояндагони табақа- ҳои боло ва поёни ҷамъият, мусулмонон, аксаран тоҷирон, деҳқонон— ҷатҳо аъзои ҷомеа буданд. Дар ашъораш вазни шеъри ҳинди ва форсиро истифода кардааст. 974 асари Нанак ба китоои муқаддаси сикхҳо «Адигрантҳ» дохил гардидаанд. Асарҳои асосии Нанак «Парастиш», «Суруди умед», «Дувоздаҳ моҳ» мебошанд.

Ад.: Гуру Нанак. К 500-летию со дня рождения поэта и гуманиста Индии, М., 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …