Нана

Нана дар асотири қадими Шарқ ва манбаҳои хаттӣ олиҳаи фаровонӣ, ҳимоятгари ҳайвоноту наботот, серфарзандист. Аввалҳо дар байни қабилаҳо ва кишварҳои гуногуни Шарқ (Байнаннаҳрайн, Шумеру Ошур) машҳур буд. Баъдтар ситоиши Нана дар Мисру Юнон, Порт, Кушония аз Суғд паҳн гардид. Ба ақидаи бостоншиносон, дар Порти Қадим маъбади Нана вуҷуд доштааст. Суратҳои гуногу­ни Нана то замони мо расидааст: бо Қомати рост дар болои шер, бабр ё ҷонвари дигари ваҳшӣ ҷом ва чӯбдасти салтанат дар даст дар ҳолати ҳаракат нишастааст. Дар суратҳои рӯи девори Панҷакент ва рӯи лаълии аз Хоразм ёфта шуда олиҳаи ҷахордасти зебое тасвир ёфтааст, ки муҳаққиқон тасвири Нана донистаанд. Дар сиккаҳои Кушониён зери акси Нана бо ҳарфҳои юнонӣ «Нано» навишта шу­дааст. Дар забони санскрит «нана» шакли қисми навозиш аз «модар» бу­да, ба ҳамин шаклу маъно дар забо­ни тоҷикӣ низ боқӣ мондааст (чунончи, як қисми мардуми Бухороро Нана мегӯянд). Дар баъзе за­бонҳои помирӣ «нана» ба маънии модаркалон меояд. Дар забони язгуломӣ калимая «нан» ҳаст, ки маъ­нии «замин», «модар» – ро дорад. Озарбойҷониҳо, эрониён пиз модарро «нана» мегӯянд. Нана ба Анаҳито (Ноҳид) айният дорад.

Ад.: Д  я к о н  о в а Н. В., Смирно­ва О. И.. К вопросу о культе Наны (Анахнты) в Согде, «Советская археология»» , 1967, №; Гафуров Б. Г. Тад­жики. Древнейшая, древняя и средневе­ковая история, М., 1972.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …