Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Асари «Намунаҳои адабиёти тоҷик»

Асари «Намунаҳои адабиёти тоҷик»

«Намунаҳои адабиёти тоҷик»  асари коллективии адабиётшиносон ва адибони тоҷик, ки соли 1940 ба муносибати 10-солагии РСС Тоҷикистон бо алифбои лотинӣ нашр шуда­аст (мураттибон: X. Мирзозода, Ҷ Суҳайлӣ, К. Лутфуллоева, Л. Бузургзода). «Намунаҳои адабиёти тоҷик» аз «Сарсухан» ва 2 қисм иборат аст. Дар «Сарсухан» (аз номи ИН Тоҷикистон навишта шу­дааст) як қатор масъалаҳои актуалии адабиётшиносӣ: омӯзиши танқидии мероси адабӣ, мубориза бар зидди равия ва майлонҳои адабиётшиносии буржуазӣ, муайян кардани ҳуқуқи халқи тоҷик ба мероси маданӣ, махсусан дар бобати ба вуҷуд омадани истилоқи «адабиёти тоҷикӣ-форсӣ» (баъдтар ин истилоҳ ба шакли «форс-тоҷик» қабул гардид), ба давраҳо тақсим кардани таърихи адабиёт, таҳқиқи ҳаёт ва осори баъ­зе суханварони забардаст, инчунин таҳқиқи эҷодиёти даҳанакии халқ ва ғайра ба миён гузошта шуда буданд. Қисми 1 «Намудҳои адабиёти тоҷик» адабиёти тоҷик­ро аз асри 10 то асри 20 дар бар гириф­та, дар бораи 26 адиб маълумоти мухтасар медиҳад.

Пас аз маълумо­ти тарҷумаиҳолӣ намунаҳои осори шоирону нависандагон оварда шу­даанд. Пас аз асари С. Айнӣ («Намунаи адабиёти тоҷик») «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дуюмин асаре буд, ки чунин маълумотҳои нисбатан пурраву мукаммалро дар бар мегирифт. Дар бораи бисёр классикон бори аввал дар ҳа- мин китоб фактҳои тарҷумаиҳолӣ дарҷ гардида, мавзӯъ ва мазмуни осори онҳо таҳлил шудааст, аввалин бор осорашон ба табъ расид. Ба «Намунаҳои адабиёти тоҷик» як зумра адибон (Фирдавсӣ, Ҳилолӣ, Бедил ва дигарон), ки аз «Наму- наи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ берун монда буданд, дохил гардиданд. Дар қисми 1 инчунин намунаҳо аз фолклори пешазреволютсионӣ ҷой дода шудаанд. Боз дар ҳамин қисм мақолаи А.

Деҳотӣ бо номи «Шои­рони кӯҳистон» мавҷуд аст, ки му­аллиф дар бораи чанде аз шоирони кӯҳистон мухтасаран маълумот дода, намунаҳое аз эҷодиёташон овардааст. Қисми 2 «Намунаҳои адабиёти тоҷик» намунаҳои осори адибони советии тоҷикро (С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, А. Деҳотӣ, М. Турсунаода, М. Раҳимӣ, Ҷ. Икромӣ, Ҳаким Карим, С. Улуӯзода ва дигарон) дар бар мегирад. Доир ба шоирону нависандагони со­ветӣ ба ғайр аз зикри соли таваллудашон ҳеч гуна маълумоти тарҷу­маиҳолӣ дода нашудааст. Ҷуаъи дигари қисми 2 «Фолклори советӣ» ном дорад Дар ин ҷузъ намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони халқ — Саидалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо ва дигарон ҷой гирифтаанд. «Намунаҳои адабиёти тоҷик» бо рӯйхати манбаъҳое, ки дар тартиб додани китоб истифода шудаанд, хотима меёбад. Дар таълифи мақолоти тарҷумаиҳолӣ оид ба шоиру нависандагони классики ва шоирони кӯҳистон ва умуман мураттаб сохтани «Намунаҳои адабиёти тоҷик» хизмати адабиётшиносон, шоиру нависандагони тоҷик М. Турсунзода, Ҷ. Икро­мӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, X. Мирзозода, шарқшинос И. С. Брагинский ва дагарон хеле калон аст.

«Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар кори шиносонидани Шоиру нависандагони классики ба хонандаи тоҷик хидмати босазое намудааст. Ин асар дар инкишофи ада­биёти советии тоҷик ва тарбияи ади­бони «насли комсомол» саҳми арзандае гузошт. Пайдо шудани «Намунаҳои адабиёти тоҷик» аз инкишофу пешрафти адабиётшиносии советии тоҷик дарак медод. Дар солҳои 40 «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ба сифати китоби дарсӣ истифода мегардид. «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва адабӣ барои тадқиқи адабиёти тоҷик маъхази пурқимате ба ҳисоб меравад.

Ад.: Очерк истории таджикской со­ветской литературы, М.. 1961.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …