Маълумоти охирин
Главная / Биология / Намуди организмҳо

Намуди организмҳо

Намуд (species), яке аз воҳидҳои асосии структуриест дар таснифи организмҳои зинда, ки давраи сифатии таҳаввули онҳоро ифода мекунад. Аз ин рӯ як ҷузъи асосӣ дар таснифоти ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳо мебошад. Дар ҳа­маи организмҳое, ки бо роҳи чинсӣ (дутарафа бордоршавӣ) афзоиш ме­кунанд (ба ин гуна организмҳо қа­риб ҳамаи ҳайвонот, як қисми набо­тот ва як қатор микроорганизмҳо мансубанд) Намуд маҷмӯи популятсияи фардҳои қобили насл мебошад. Ба туфайли ин онҳо популятсияҳои на­ви гибрид ҳосил менамоянд ва ин популятсияҳо дар байни шаклҳои маҳаллие, ки дар ҳудуди  муайян маскунанд ва як қатор хусусиятҳои морфофизиологӣ доранд, мавқеи мобайниро ишғол мекунанд.

Бисёр ҷамъ шудани маълумот оид ба гуногунии ҳайвонот ва наботот дар охири асри 17 ба тасаввуроте овард, ки Намуд гурӯҳи фардҳои чун аъзоҳои як оила ба ҳамдигар монанд буда, аз дигар гурӯҳи фардҳо бо баъзе хусусиятҳои худ фарқ мекунанд. Масалан., гург, рӯбоҳ, зоғ, зоғча, булут, гандум, ҷав, ва ғайра намуд ҳисоб мешуд. Бо суръат афзудани шумораи номгӯи Намуд зарурият пайдо кард, ки барои ба тартиб даровардани шаклҳои гуногуни ҳайвоноту наботот таснифоте қабул карда шавад. Дар ҳалли ин масъала табиатшиноси швед К. Линней саҳми босазое гузошт. Ӯ дар асари худ «Системаи табиат» (pycӣ, 1735) Намудҳхои бо ҳам монандро ба ҷинс ва ҷинсҳои монандро ба қатору синфҳо ҷудо кард. Барои ифода кардани Намуд вай номенкулатураи дунома (номенкулатураи бинарӣ)-ро чорӣ намуд, ки мувофики он ҳар як Намуд аввал бо но­ми лотинии чинс ва сипас бо номи лотинии намуд ишора карда меша­вад.

Масалан, «одами боақл» — Homo sa­piens. Oxири асри 19 таснифоти К. Линнейро аксари биологҳои дунё қабул намуданд. Нимаи якуми асри 19 олими франсавӣ Ж. Кюве мафҳумеро оид ба сохти навъҳо кор карда баромад, ки сипас «навъ» чун ҷузъи олии таснифот ба таснифоти К. Линней дохил карда шуд. Худи хамон вақтҳо тасаввурот дар бораи тағйирпазирии Намуд дар рафти инкишофи организмҳо низ ба миён омад. Дар ҳалли ин масъала назарияи эволютсионии Чарлз Дарвин (нигаред Дарвинизм), ки ҳангоми тартиб додани системаи филогенезии табиӣ ҳатман ба назар гирифтани алоқаи генетикии, организмҳои зиндаро тарғиб менамуд, мақоми калон бозид. Зиёд шудани шумораи Намуд ва зернамудҳои ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳо аз як тараф, ба «тақсим шудани» Намуд (яъне чун Намуд тасвир намудани ҳар як шакли маҳаллӣ) ва аз тарафи дигар ба «калон шудани» Намуд (яъне чун Намуд тасвир кардани гурӯҳи организмҳое, ки хусусияти хешӣ доранд) оварда расонд. Дар натиҷа дар таснифоти организмҳо мафҳуми Намуди «хурд»-жорданонҳо (аз номи бо­таники франсавӣ А. Жордан) ва Намуди «калон»—лнннеонҳо (аз номи Линней) ба вуҷуд омад. Давраи классикии таснифоти организмҳо бо тадқиқоти табиатшиносӣ рус А. П. Семёнов-Тян-Шанский, ки линнеонҳоро чун асос қабул намуда, категорияҳои гуногуни аз Намуд поён (зернамуд, морфа, аберратсия)-ро дуруст муай­ян кард, ба итмом расид.

Дар айни замон барои муайян кардани мафҳуми Намуд тамоман аз ҳамдигар дур шудани намудҳо дар шароити табиӣ аҳамияти калон дорад (баъзе намудҳое, ки аз ҳамдигар дуранд, дар шароити табиӣ дурага шуда наметавонанд, вале дар шароити сунъӣ бошад, онҳоро бо Намудҳои дигар дурага кардан мумкин аст). Аз рӯи муносибат нисбат ба макон Намудҳо аллопатрӣ (ҳудуди гуногунро ишғолкунанда) ва симпатрӣ (ареа­лашон якхела) мешаванд. Аллопат­рӣ ва симпатрӣ будани Намуд аксар ба шароити ба вуҷуд омадан ва кадом шакли чудоӣ — территориявӣ ё био­логӣ доштани онҳо, ки ҳангоми пайдоиши намуди мазкур мақоми асосиро бозидааст, вобаста мебошад.

Тадкиқот муқаррар кард, ки аксари Намудҳо полтипианд, яъне якчанд зернамудро дар бар мегиранд. Дараҷаи политипии Намудҳо бо зиёд шудани ареал меафзояд. Вай инчунин ба гуногунии шароити физикию геогра­фии ягон қисми алоҷқҳидаи ҳудуд во­баста аст. Хусусан Намудҳо — дугоникҳо, ки аз рӯи хусусиятҳои морфоло­гӣ фарқ карданашон душвор аст ва одатан дар ноҳияҳои наздики ҳамҳудуд дучор мешаванд, ҷолиби диққатанд. Ингуна Намудҳо эҳтимол дар натиҷаи ба вуҷуд омадани яке аз аввалин шаклҳои ҷудоии биологӣ пай- до шудаанд. Ин мафҳуми хозираи Намуд барои организмҳое, ки танҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунанд, мувофиқ намеояд. Бинобар ин дар чунин ҳолатҳо гурӯҳҳои бо ҳамдигар монандро, ки аз рӯи хусусиятҳои морфофизиологӣ наздиканд ва дар як ареали муайян маскунанд, шартан Намуд меноманд.

Адабиёт:       Семёнов-Тян-Шанский А. П., Таксономические границы вида и его подразделений, «Зап. Императорской АН», 1910, том. 25, №1; Дарвин Чарлз, Происхождение видов путем естествен­ного отбора…, Сочинение, том 3, Москва— Ленинград, 1939;

Вавилов Н. И., Линнеевский вид как система, избранное произведение. Том1, Л.енинград 1967; За­вадский К. jM., Вид и видообразова­ние, Ленинград 1968; Тимофеев Ресовский  Н. В. (ва дигар). Краткий очерк теории эволюции, Москва 1969.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …