Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Намозгоҳ

Намозгоҳ

Намозгоҳ масҷидест, ки дар он рӯзҳои иди қурбон ва рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рӯзҳои иди динӣ масҷидҳои шаҳр ҳамаи намозхононро ғунҷоида наметавонист, дар беруни шаҳр Намозгоҳ сохта мешуд. Намозгоҳ ба тарзи анъанавӣ бино ёфта, бештар дар пеши девори меҳроб пешайван ва суфача сохта ме­шуд. Баъзе масҷидҳои Намозгоҳ аз ҷиҳати санъати меъморӣ ҷолибанд.

Намозгоҳи Бухоро, дар қисми ҷануби шаҳр, дар ҷои қароргоҳи тобистонаи сулолаи Қарохониён соли 1119 бино ёфтааст. Бинои масҷид аз хишти пухта буда, атрофаш бо девори баланд иҳота гардида буд. Минбари баланд ва меҳроби зебое дошт. Кандакории нафиси меҳроб комилан боди мондааст. Дар асри 14 масҷид таъмир шуда, бо кошиҳои рангоранг зинат ёфт. Нимаи дуюми асри 16 ҳангоми таъмир ва тармими масҷид ба он пешайвони сетокдор илова гардид. Дар пеши масҷид пештоқи баланду пуршукӯҳ, дар паҳлӯҳояш дарҳои токдор ва дар болояш гунбаз сохта шудааст. Намозгоҳ чоркунҷа буда, аз се хонаи асосӣ иборат аст. Хонаҳо бо ҳам пайваст буда, ба хо­наи асосӣ тавассути пештоқи ба­ланд, ба хонаҳои паҳлӯи аз даромадгоҳи тоқдор медаромаданд. Пештоқ бо накшҳои ҳандасӣ, гиреҳҳо ва бо оятҳои Қуръон ороиш ёфтааст. Дар масҷид аиъанаҳои хоси меъмории асрҳоои 12—16 Бухоро ифода гардидааст.

Намозгоҳи Самарқанд, дар беруни шаҳр соли 1630 аз тарафи ман- сабдори Бухоро Нодир Девонбегӣ бино ёфтааст. Аз хишти пухтаи суфта сохта шуда, танҳо аз пештоқ ва як хонаи гунбазпӯш иборат аст, се тарафи он кушода буда, дар дохилаш меҳроб ҷой гирифтааст. Айвонҳои пеши бино рӯ ба майдони хеле васеъ сохта шудаанд. Майдон бо девори паст иҳота шудааст. Тарҳи масҷид оддӣ буда, танҳо пештоқ ва пойгунбазҳои он кошикорӣ шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …