Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Намояндагии доимӣ

Намояндагии доимӣ

Намояндагии доимӣ органи ваколатдори ҳукумати республикаи иттифоқӣ дар назди Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ё органа республикаи автономӣ дар назди Совети Вазирони республикаҳои иттифоқӣ. Ҳамаи республикаҳои автономӣ Намояндагии доимӣ доранд.

Ба Намояндагии доимӣ республикаи «иттифоқӣ намояндаи доимӣ роҳбарӣ мекунад, ки онро Совети Вазирони ҳамон рес­публика таъин менамояд. Намояндагони доимӣ дар вақти аз тарафи органҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ дидани лоиҳаи планҳои хоҷагии халқ, бюҷет, планҳои таъмини моддию техникӣ ширкат варзида, ба ҳаллу дархости масъалаҳое, ки аз тарафи республикаи иттифоқӣ дар назди органҳои дахлдори ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ гузошта мешаванд, ёрӣ мерасонанд, доир ба масъалаҳои ба миёнгузоштаи республикаи иттифоқӣ ба ор­ганҳои ҳукуматии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ маълумоту эзоҳот медиҳанд; органҳои респуб­ликаи иттифоқиро дар бораи ҳамаи масъалаҳои ба онҳо дахлдоре, ки ҳукумаги ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ҳал мекунад, огоҳ кунанд. Намояндагии доими барои ҳалли масъала­ҳои гуногун ба муассисаҳои марказии республикаҳои иттифоқӣ кӯмак ва фаъолияти ҳамаи органҳои дар Москва будан республикаи иттифоқиро назорат карда, дар тайёр кардани кадрҳо барои республикаи иттифоқӣ ёрӣ мерасонанд. Намояндагони доимӣ ҳуқуқ доранд дар маҷлисҳои Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ бо овози маслиҳатӣ иштирок кунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …