Маълумоти охирин
Главная / Биология / Намошомгул

Намошомгул

Намошомкушо, гули намозишом, гули шабчароғ, мирабилис (Mirabilis jalapa), гулест аз оилан Nyctaginaceae. Растании бисёрсола, ва­ле дар шароити киштукор яксола аст. Баландиаш аз 50 см то 1 м, ре­шааш лӯнда-лӯндаи ғафс. Пояаш рост, сершохча, баргаш думчадори дилшакл. Гули қифшакли сурх, гулобӣ, норанҷӣ, сафед, зард дорад, фақат шабона (номаш ҳам аз ҳамин ҷост) ё дар ҳавои тира мешукуфад; бӯяш хеле форам аст. Бештар ду навъи Намошомгул: Намошомгули баргаш а л о б у л о (М. j. var. variegata hort) ва Намошомгули к ӯ ч а к (М. j. var. pumila fol. variegata) маъмул шудааст. Hамозомгул рас­тании рӯшноӣ ва гармипарвар аст. Тухми Намошомгулро март—апрел мекоранд. Баъди 90—100 рӯзи кишт гул меку­над. Онро бештар дар хиёбону гулгаштхо ва гулбоғҳо парвариш мена- моянд. Гулнақш, гулхат ва сабзамайдонро низ зебу зинат медиҳад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …