Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ, НКХХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, намоишгоҳи доимии умуми- иттифоқӣ дар Москва, ки дар он комёбиҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, илм ва маданият намоиш дода мешаванд. Вазифаҳои асосии Намоишгоҳ пропаганда ва намоиши муваффақияту комёбиҳои хоҷагии халқ илму техника, маданият ва таҷри­баи пешқадам аст. Намоишгоҳ дар заминаи 3 намоишгоҳи умумииттифоқӣ: хоҷагии қишлоқ, саноат ва сохтмон таъсис ёфт ва 16 июни 1959 ба кор даромад.

namoishgoh-vdnx-1974
Сурати Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ 1974 (Душанбе)

Масоқати умумии Намоишгоҳ 234 га (65 га-и он минта- қаи чорбоғ) буда, дар он 78 павилён ҷойгир шудааст (1 январи 1979). Калонтаринашон инҳоанд: павилёнҳои марказӣ, мошинсозӣ, метал­лургия, электронии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, коинот, деҳқони, сохтмон ва ғайра. Майдони умумии намоишгоҳи павилёнҳо звиёда аз 150 ҳазор -м2 буда, дар онҳо бештар аз 100 ҳазор экспонатҳо на­моиш дода мешаванд. Намоишгоҳ ҳар сол қариб 300 намоишҳои тематикӣ, конференсияҳои илмии техникӣ, семинарҳо, намоишҳои сайёр мегузаронад. Инчунин намоишҳои байналхалқӣ ташкил мекунад.

Дар Намоишгоҳ корхонаҳои пешқадами саноат, нақлиёт, сохтмон, колхозу совхозҳо, стансияҳо ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, му­ассисаҳои маданӣ, нигаҳдории тандурустӣ, матбуот ва ғайра, ки ба натиҷаҳои бехтарин соҳиб шудаанд, ишти­рок менамоянд. Дар «Лавҳаи фахрӣ»-и умумииттифоқии Намоишгоҳ ҳар сол ғолибони мусобиқаҳои сотсиалистӣ қайд карда мешаванд. Дар қатори ғолибони мусобиқаи умумииттифо­қии сотсиалистӣ ҳар сол коллектив­ҳои пешқадами РСС Тоҷикистон низ ҷой мегиранд. Комитети марказин Намоишгоҳ заводу фабрикаҳо, корхонаҳои сохтмон, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашию конструкторӣ, муассисаву ташкилотҳои маданиюо маишӣ, колхозу cовхозҳо, пешқадамони истеҳсолотро бо дипломҳо ва медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии НКХХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ сарфароз мегардонад. Намоишгоҳро ҳар сол зиёда аа 10 млн одамон тамошо мекунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …