Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Намои иморат

Намои иморат

Намои иморат рӯи иморат ё иншоот. Ҳар бино дорои намои асосӣ ва намоҳои паҳлуист. Ҳангоми тарҳрезии лоиҳа ба намои асоси диққат медиҳанд ва таъиноти бино ҳам аз рӯи он муайян карда меша­вад. Дар санъати меъмории класси­кии Осиёи Миёна типҳои махсуси биноҳо (Мадраса, масҷид, мақбара) маъмул буданд, ки шакли намои онҳо асрҳо бетағйир монда, ба ҳукми анъана даромада буданд. Масалан, на­мои Мадраса ё масҷид ҳатман бояд пештоқ, канотҳои паҳлӯи (оддӣ ё равоқбандӣ) ва дар ду гӯша манора ё бурҷ медошт: мадрасаҳои Мири Араб (Бухоро), Шердор, Тиллокорӣ (Самарқанд), масҷидҳои Баланд, Ка­лов (Бухоро), Кӯкгунбаз (Уротеппа) ва ғайра Ленин ин памохои анъана- вй бо ороишоти мукаммалу баъзё чуэъиёти иловагй (кошикорӣ, минокорӣ, гачкорӣ, муқарнас, тоқчаҳову равоқчаҳои ороишӣ ва ғайра) аз ҳам фарқ карда, яке аз дигаре назарработар мебаромаданд.

Дар иморатсозии ҳозиразамон, махсусан, биноҳои мӯҳташам (маъмурӣ, давлатӣ, маданӣ ва ғайра), бинобар дар ҷойҳои кушоду барҳаво сохта шуданашон, ва танҳо ба намои асосӣ, балки ба намоҳои дигар ҳам аҳамияти махсус медиҳанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …