Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Намибия

Намибия

Намибия (Namibia; то 1968— Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ), мамлакатест дар Африкаи Ҷанубӣ, ки онро РАҶ зӯран ишғол кардааст. Масоҳаташ 824,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 1200 ҳазор нафар (1977). Маркази маъмуриаш— Винд­хук (65 ҳазор нафар) Забонҳои расмӣ- африкаанс ва англисӣ. Намибияро маъму- ре, ки президенти РАҶ таин менамояд, идора мекунад. Намибия бар хилофи қарори Ассамблеяи Генералии ТДМ аз соли 1966, ки ваколати РАҶ-ро ба идоракунии ин территория бекор карда буд, то ҳол дар таҳти юрисдиксияи РАҶ мебошад. Бар хилофи қарори Ассамблеяи Генералии ТДМ июли 1980 ба ном Совети Вазирон ва ноябри 1980 ба ном Ассамблеяи қонунбарор интихоб шуд, ки гӯё яке органи қонунбарор ва дигаре органи иҷроия мебошад. Шуъбаҳои маҳаллии партияҳои РАҶ—Партияи миллӣ ва Партияи муттаҳида манфиатҳои европоиҳоро ифода менамоянд. Ба ҳаракати милли-озодиҳоҳонаи аҳо­лии муҳимии Намибия Ташкилоти халқии Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ (таъсисаш 1958) роҳбарӣ мекунад.

Табиат. Соҳилҳоии Намибия рост буда, ду халиҷ— бандаргоҳи табиӣ—Уолфиш- Бей ва Людеритс дорад. Қисми зиёди территорияро паҳнкӯҳ (баландиаш 900— 1500 м) ишғол кардааст, ки он ба тарафи дохили материк ва ба тарафи ҳамвории теппадори назди соҳил зина-зина паст мешавад. Нуқдаи баландтарин — кӯҳи Бранденберг (2600 м). Сарватҳои зеризаминии Намибия: мис, сурб, руҳ, ванадий, германий, кад­мий, манган, қалъагӣ, волфрам, ли­тий, бериллий, алмос. Иқлимаш тро­пикӣ, ниҳоят хушк. Ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин (январ) то 27° С, моҳи хунуктарин (июл) то 12° С.  Бо­ришоти солона дар ноҳияҳои соҳили уқёнус 10—50 мм, дар интиҳои шимолу шарқӣ 500—700 мм. Дарёҳои калон: Норанҷӣ ва Кунене. Хоки замини Намибия асосан биёбонии тропикӣ ва бӯри сурхтоби саваннагӣ. Набототи биёбони Намибия хеле сирак, асосан аз суккулентҳо иборат. Паҳнкӯҳро буттаҳои ксерофитӣ ва буттаҳои хӯшадор пӯшидаанд. Ноҳияҳои нисбатан баландро саваннаҳои нимбиёбонӣ ва саваннаҳои биёбонӣ ва соҳилҳои дарёҳоро саваннахои дарахтзорҳо фаро гирифтаанд. Хояндаҳои маҳаллӣ (дарознӯл, кӯрмуш, чандин зоти харгӯш), ҳашаротхӯрҳо, аз ҳайвонот антилопа, аз ҳайвоноти дарранда ви­верра, кафтор мавҷуданд. Дар мамнӯъгоҳи калонтарин Этоша-Пан зеб­ра, фил, заррофа, шутурмурғ, шер, юз, даҳҳо намуди парранда ва ғайра ниҳол; дошта мешаванд.

Аҳолӣ. Зиёда аэ 80%-и аҳолӣ африкоиҳо. Халқҳои оилаи бантузабон—овамбо, гереро, инчунин готтентотҳо дамараи кӯҳистонӣ, бушменҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Европоиҳо 11,6%’ аҳолии Найробияро ташкил медиҳанд. Аксарияти диндорон — насрониён (асосан протестант), боқимонда ба дину оини маҳаллӣ эътиқод доранд. Шаҳрҳои калон: Винд­хук, Уолфиш-Бей, Гротфонтейн, Людеритс.

Очерки таърихӣ. Одам дар территорияи Намибия ҳанӯз дар аввали давраи палео­лит маскан гирифта буд. Европоиён (португалиҳо) бори нахуст ба ин сарзамин дар асри 15 пайдо шуданд. Дар чоряки сеюми асри 19 байни Анг­лия ва Германия барои Намибия мубориза cap шуд. Соли 1884 Германия территорияи Намибияро бо номи Африкаи Ҷанубу Ғарбии Германия (АҶҒ) мулки худ эълон кард. Мустамликадорон аз низоъу задухӯрдҳои байни сардорони қабилаҳои маҳаллӣ истифода карда, ҳокимияти худро ба онҳо бор карданд. Чанд нафар Сардорони қабилаҳои готтентотҳо, ки Хендрик Витбой бо нуфузтарини онҳо буд, ба мустамли­кадорон сахт муқобилат нишон доданд. Соли 1894 дастаи Витбой шикаст хӯрд. Соли 1896 қабилаҳои мбандеру ва коуа, 1904—1907 готтентотҳо ва гереро шӯриш бардоштанд. Соли 1915 дар рафти Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (1914—1918) AҶҒ-po қӯшунҳои Иттифоқи Афри­каи Ҷанубӣ (ИАТС) ишғол карданд. Соли 1920 ИАҶ барои идора кардани Намибия аз Лигаи миллатҳо ваколат гирифт. Тартиботи нажодпарастии ИАҶ дар ин территория ҳам ҷорӣ карда шуд. Баъди Ҷанги дуюмн ҷаҳонӣ (1939—1945), тамоми территорияи ваколатӣ ба системаи байналхалқии васояти ТДМ гузаро- нида шуд, ИАҶ (аз 1961 РАҶ) аз додани АҶҒ ба васояти ТДМ саркашӣ кард ва соли 1949 қонуне ҷабул намуд, ки дар асоси он территория ба музофоти ИАҶ табдил ёфт. Аз соли 1946 cap карда масъалаи AҶҒ дар органҳои гуногуни ТДМ муҳокима мешавад. Соли 1966 Ассамблсяи Генералӣ дар бораи ба худмуайянкунӣ ва истиқлолият ҳуқуқ, доштани халқи AҶҒ ре­золютсия қабул кард, ваколати РАҶ- ро ба идоракупии AҶҒ бекор намуд ва эълон кард, ки минбаъд идоракунии ин территория ба ихтиёрп ТДМ мегузарад. Барои идоракунии территория соли 1967 Совети махсуси ТДМ ташкил ва комиссари ТДМ таин шуд. Июни 1968 Ассамолеян Генералии ТДМ хоҳиши халқи AҶҒ-po ба назар шриф­та дар бобати ба AҶҒ додани номи Намибия қарор қабул кард ва аъзоёни ТДМ-ро даъват иамуд, ки ба ва­тандӯстони Намибия дар муборизаи онҳо баҳри истиқлолият ёрӣ расонанд. ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ барои фавран ба халқи Намибия додани озодӣ, нисбат ба РАҶ ба кор бурданп тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ борҳо баромад кард, ҳукумати РАҶ то ҳол қарорҳои ТДМ-ро ба эътибор намегирад. Ҳукумат сиёсати нажодпарастиро гузаронда, халқҳои мамлакатро аз ҳам ҷудо карда, онҳоро маҷбуран дар маҳалҳои алоҳида нигоҳ медорад. Халқи мамлакат ба муқобили чунин сиёсат, баҳри озодии миллӣ мубориза мебарад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аввалин ташкилотҳои сиёсии аф­рикоиҳо ташкил шудатсд. Аз солҳои 60 дар Намибия бар зидди тартиботи на- жодпарастонаи РАҶ муборизаи яроқнок cap шуд, ки ба он ташкилоти халқии Африка и Ҷанубу Ғарбӣ (СВАПО) роҳбарӣ мекунад. Моҳи декабри 1971 — марти 1972 калонтарин дар таърихи Намибия корпартоии африкоиён шуда гузашт.

Нажодпарастони РАҶ резолютсияи Совети Амнияти ТДМ (декабри 1974), ки озод кардани территорияи ғайриқонунӣ ишғолкардаи Намибияро талаб мекард, ба эътибор нагирифтанд. Онҳо инчунин ба резолютсияи Совети Амнияти ТДМ (январи 1976) риоя дакарданд. Ре­золютсияи мазкур то 31 августи 1976 аз Намибия баровардани қувваҳои мусаллаҳи Африкаи Ҷанубӣ ва дар он ҷо зери назорати ТДМ гузаронидани интихоботи озодонаро пешбинӣ мекард.

Соли 1977 роҳбарияти Ташкилоти халқии Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ изҳор намуд, ки тайёр аст бо иштироки намояндагони ТДМ бо ҳукумати РАҶ дар бораи ба СВАПО додани ҳокимият гуфтушунид гузаронад, ба шарте, ки тамоми қушунҳои Африкаи Ҷанубӣ аз Намибия бароварда, махбусони сиёсии дар зиндонҳои РАҶ хобида озод ва соҳибихтиёрӣ ва бутунии территория Намибия эътироф карда шавад. Соли 1977амалиёти ҷангии СВАПО ба му- қобили қувваҳои ишғолии РАҶ хеле фаъол гардид.

Сарфи назар аз эътирозҳои сершумори мамлакатҳои аъзои ТДМ ва СВАПО ҳукуматдорони нажодпарасти РАҶ бандари Уолфиш-Бей, инчу-

нин территорияҳои атрофи онро дар масоҳати 969 км2 ва 13 ҷаз-ро зӯран забт намуда, онҳоро ба маъмурияти Аф­рикаи Ҷанубӣ тобеъ кунонданд.

Партияи сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Ташкилоти х а л қ и и Аф­рикаи Ҷанубу Ғарбӣ (South West Africa Peoples Organization, СВАПО, таъсисаш 1958), ба муборизаи халқи Намибия баҳри озодӣ аз мустам- ликадорони Африкаи Ҷанубӣ роҳба­рӣ мекунад. Иттифоқи миллии Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ (South West Africa National Union, СВАНУ, таъсисаш 1959). Kopгарони сафедпӯст ба шӯъбаҳои маҳаллии иттифоқҳои касабаи РАҶ дохиланд. Ба африкоиҳо ташкил кардани иттифоқҳои касаба манъ карда шудааст.

Хоҷагӣ. Намибия мамлакатест, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ суст тараққӣ кардааст. Саноати коркарди маъдан таҳти назорати капитали хориҷӣ мебошад. Дар хоҷагии қишлоқ парвариши гӯсфандонн қарокӯлӣ аҳамияти калон дорад. Соли 1978 мамлакат 2,8 млн cap гов, 4,6 млн гӯсфанд, 1,8 млн буз дошт. Ширкатҳои ШМА, Англия, РАҶ конҳои бои алмос, сурб, руҳ, маъдани мар- ганетсро пурра ба дасти худ гирифтаанд. Тсумеб-Грот-фонтейн маркази саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ мебошад; дар ин ҷо заводҳои мис па сурбгудозӣ воқеанд. Саноати маҳсулотбарорӣ суст тараққи кардааст, аз заводҳои консерви моҳӣ, пиво, таъмири  киштӣ, устохонаҳои таъмири ав- томобил ва ғайра иборат аст. Дар хоҷагии қишлоқ асосан ҷуворимакка, чойҷуворӣ, гандум, сабзавот кишт мешавад. Моҳигирӣ тараққӣ кардааст. Тӯли роҳи оҳан 2607 км, дарозии роҳҳои сангфарш 2772 км. (1978). Бандарҳои баҳрӣ: Уолфиш-Бей ва Людеритс. Намибия бо РАҶ алоқаи ҳавоӣ дорад. Намибия ба хориҷа ашёи хоми минералӣ, пӯсти қарокӯлӣ ва ғайра бароварда аз он ҷо хӯрокворӣ, сузишворӣ ва маснуоти саноатӣ меоварад. Шарики асосии савдо- яш РАҶ. Воҳиди пул—рэнди Афри­каи Ҷанубӣ.

Маориф. Бино ба маълумоти расмии РАҶ дар соли 1973 69% аҳолии африкоӣ бесавод буд, дар асл аз ин ҳам зиёд мебошад. Мактабҳои са- федпӯстону африкоиҳо алоҳида алоҳида. Мӯҳлати таҳсил барои сафедпӯстон 7 сол дар мактаби ибтидоӣ ва 5 сол дар мактаби миёна. Аз синни 7 то 16-сола таълим ҳатмист. Барои африкоиҳо таълими ҳатмӣ вуҷуд надорад. Мӯҳлати таълим барои аф­рикоиҳо 8 сол дар мактаби ибтидоӣ ва 5 сол дар мактаби миёна. Соли 1973 дар мактабҳои ибтидоӣ 103,5 ҳазор, дар мактабҳои миёна ҳамагӣ 1919 нафар африкоиҳо таҳсил мекарданд. Мактаби миёна барои онҳо қариб дастнорас мебошад. Намибия мактаби олӣ надорад. Сафедпӯстон дар мактабҳои олии РАҶ таҳсил мекунанд. Дар Виндхук барои сафедпӯстон коллеҷи техникии хусусӣ ҳаст. Ҷамъияти илмии Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ (дар Виндхук), Китобхонаи оммавӣ (таъ­сисаш 1924) ва Музеи давлатӣ (таъ­сисаш 1958) воқеъ аст. Ғайр аз ин дар Свакопмунд ва Людеритс музей ҳаст.

Матбуот ва радиошунавонӣ. Соли 1978 дар Намибия 8 номгӯй газета ва жур­нал нашр мешуд. «Сёйдвестер» («Die Suidwester» — «Сокини Ҷануби- Ғар­бӣ», ба забони африкаанс, таъсисаш 1945), органи партияи ҳукмрони миллӣ; «Сёйдвес-африканер» («Die Suidwes Afrikaner» — «Африканери Ҷануби Ғapбӣ», ба забони африка­анс, таъсисаш 1927), органи партияи оппозитсионии Федералии Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ; «Алгемайне тсаптунг» («Allgemeine Zeitung» — «Газетаи умумӣ», ба забони немисӣ, таъсисаш 1915), «Виндхук адвертайзер» («Windhoek Advertiser»— «Газетаэълонномаи Виндхук», ба забони англисӣ, таъсисаш 1919), «Намиб таймс» («Namib Times» — «Вақти Намиб», ба забони англисӣ, немисӣ ва африкаанс, таъсисаш 1958). СВАПО ба забони англисӣ газетаи «Нами­бия нюс» («Namibia News» — «Ахбороти Намибия», таъсисаш 1968; дар Лондон моҳе ду маротиба мебарояд) ва журнали «Намибия тудей» («Na­mibia Today», таъсисаш I960, дар Танзания моҳе 1 маротиба мебарояд) нашр мекунанд. Шабакаи радиошунавоние амал мекунад, ки он барномаҳои радиои РАҶ-ро мешунавонад. СВАПО барои Намибия аз Лусака (Замбия) ва аз Доруссалом (Танзания) барномаҳо мешунавонад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …