Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намаки ош NaCl

Намаки ош NaCl

Намаки ош хлориди нат­рий (NaCl), як навъ моддаи беранги кристаллиро гӯянд, ки аз муҳимтарин маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Зичиаш 2161 кг/м3; t гуд. 801° С; t ҷӯш. 1413° С; сахтнаш 2. Ҳалшавандагии Намак ош дар об ба ҳисоби : 26,28 (0° 01, 26,43 (25° С), 28, 12 (100° С). Н. ош дар табиат дар ҳолати намаксанг (галит) васе пахҳн шудааст. Намаки ош аз замонҳои қадим дар рӯзгор барои ба хӯрок андохтан, консервиронидани гӯшт, моҳи ва дигар маҳсулоти зудвайроншаванда ва дар хоҷагии қишлоқ (иловаи хӯроки чорво) истифода мешавад. Вай дар тайёр кардани рангҳо, дар даббоғӣ, метал­лургия, истеҳсоли сода, шиша, хлор, сулфати натрий ва даҳҳо моддаҳои дигар ба кор меравад.

Дар огранизм яке аз моддаҳои муҳими физиологи мебошад. Аз норасоии Намаки ош ба хун ҷабидашавпи ғизои ҳалшуда сусту, хун ғализ мешавад, кашишхӯрии мушакҳои скелетӣ, функсияи сис­темаи асаб ва гардиши хун ихтилол меёбад. Намаки ошро аз қадимулайём ҳамчун воситаи давоӣ васеъ истифо­да мебаранд. Масалан, дар тибби халқӣ Намаки ошро тасфонида ба ҷойҳои шамолзадаи бадан мебанданд; латта ё пахтаро ба маҳлули сери он тар карда (шӯрпахта) ба узвҳои сахт латхӯрда, ҷои каждум ё занбӯргазида мебанданд; ҳангоми бемориҳои милки дандон ва ангина бо маҳлули сери  он ғарғара мекунанд ва ғайра. Дар тиб­би муосир маҳлули изотонии (0,9%) Намаки ошро чун ҳалкунандаи доруҳо ҳамчун воситаи дезинтоксикатсионӣ барои ба зери пӯст фиристодан ё имола (ҳуқна) кардан, маҳлули ги­пертонии (3—5—10%) онро барои компресс ё тар кардани ҷароҳатҳои фасоднок истифода мекунанд. Лойҳои маҳлули сери Намаки ош дошта дар муолиҷаи тарбод, рагкаши, илтиҳоти шуш ва дигар бемориҳо истифода мешаванд (ниг. низ Пелотерапия). Дар РСС Тоҷикистон бештар аз 50 кони Намаки ош мавҷуд аст. Калонтарини онҳо конҳои Шӯрбел (75% NaCl дорад), Тутбулоқ (71,63% NaCl дорад), Қамишқӯрғон (68% NaCl дорад), Хоҷа- сартез (97,29% NaCl дорад), Хоҷамӯъмин (93,54% NaCl дорад) буда, захираи умумиашон бештар аз 75 млрд т аст. Аз конҳои Қамишқӯрғон ва Хоҷамӯъмин соле барои хоҷагии халқ 25—35 ҳазор тоннаги Намаки ош» истеҳсол мекунанд.

Ад.: Абуали ибн Сино. Канон вра­чебной науки, кн. 1, Ташкент, 1956; 3 и- н о в  е в А. И., Технология выварочной и йодированной соли, М., 1957; Андре­ева Е. В., Горст соли .«Наука и жизн», 1958, >6 3; П о а и и М. Е., Тех­нология минералных солей, Л.. 1961; Махмудов К., Бир чимдим туз, «Фан ва турмуш», 1972, М 3.     

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …