Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намакҳои калий

Намакҳои калий

Ҷинсҳои кӯҳҳи таҳшинест, ки аз минералҳои калий ва калию магнийдори дар об нагз ҳалшаванда иборат аст. Муҳимтарин минералҳояш с и л в и н (КС1; 52,44% К), карналлит (КС1 • MgCl, • 6H2O; 35,8% К), каинит (KMg[SO4]Cl • ЗН2О; 14,07% К), п о­ л и г а л и т (K2MgCa2[SO4]420; 12,97% К), лангбейнит (K2Mg2 [SО4]3; 18,84% К) ва ғайра. Ҷинсҳои кӯҳии калийдори муҳим инҳоанд: ҷинси карналлитй (45—85% карналлит ва 18—50% галит ва каме силвин, ангидрит, минералҳои гилӣ ва карбонатӣ дорад), с и л в и н и т  (95—98% силвин ва галит ва ғайра), хартзалтс ё намаки сахт (8—25% силвин, 18—30% кизерит, 40—60% галит, 0,5—2,0 минералҳои карбона­тӣ ва ғайра). Намакҳои калий дар натиҷаи бухор ва хунукшавии рапи (намакоб)-и толобҳои калийдор ҳосил мешаванд. Конҳои намаки калий дар давраҳои геологии иқлимашон гарм ва хушк пайдо шудаанд. Махсусан шароити давраҳои девон, перм, неоген барои ғун шудани Намакҳои калий мусоид буд. Намакҳои калий дар байни таҳнишасти кӯлҳои шӯри ҳозира низ мавҷуданд.

Миқдори К2О дар конҳои саноатии Намакҳои калий 12—30% аст. Захираи умумии Намакҳои калий дар Иттифоқи Советӣ 166,4 млрд т (24 млрд т ба ҳисоби К2О)- ро ташкил медиҳад, ки қисми знӯиёди он дар Урал (Соликамск, вилояти Перм), Қазоқистони Ғарбӣ, Украина и Ғapбӣ, Белоруссия ҷой гирифтаанд. Конҳои калони Намакҳои калий дар РДГ (Штасфурт), РФГ (Ганновер, Гартс, Гессен, Баден), ШМА (Ню-Мексико, Кали­форния), Канада (Саскачеван), Фран­сия (Элзас), Италия (ҷазираи Ситсилия) низ маълуманд.

Намакҳои калий асосан дар хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд. Ашёи хоми асосии ис­теҳсоли нуриҳои калийдор мебошанд. Инчунин дар соҳаҳои элект­рометаллургия, тиб, суратгирӣ, пи­ротехника, истеҳсоли шиша,, собун, ранг ва махсусан дар саноати химия (барои истеҳсоли КСl, K2CO2, КОН, KN03, K2SO4 ва -fqhf) ба кор мебаранд.

Ад.: В а л я ш к о М. Г., Геохимичес­кие закономерности формирования мес­торождений калийных солей, М., 1962; Кашкаров О. Д., Фивег М. П.. Калийные и магнезиалные соли. М.— Л.. 1963; ЯржемскиЙ Я. Я., Калий­ные и калиеносные галогенные породы, Новосибирск, 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …