Намад

Намад як навъ маснуоти нашмист, ки дар байни халқҳои Шарқ, хусусан Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аз қадим маъмул буд. Барои тайёр намудана Намад намадгарҳо пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи лозима паҳн карда, ба болои он оби ҷӯш пошида, онро мемолиданд. Баъд  лӯлаи мазкурро ресмонпеч карда, ду кас дар ду тараф истода, нӯги ресмонро бо навбат ба тарафи худ мекашад ва дар натиҷаи ғелидан Намад тай­ёр мешуд. Агар Намади гулдор лозим бошад, пашми рангкардашударо ба  шакли дилхоҳ паҳн карда баъд ме­молиданд. Аз Намад палос, каппа сохтя, телпак, мӯза ва ғайра духтан мумкин  аст. Дар гузашта Намадро хеле бисёр ба кор мебурданд. Баробари афзудани истеҳсоли қолину палос ба Намад эҳтиёҷ кам шуда истодааст. Ҳоло Намад бо роҳи техникӣ тайёр карда шуда, дар  автомобилу трактор, комбайн, самолёт, дастгоҳҳо, инчунин дар бинокорӣ истифода мешавад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …