Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наливкин Дмитрий Василевич

Наливкин Дмитрий Василевич

Наливкин Дмитрий Василевич (25.08.1889, Петербург—02.03.1982, Ле­нинград), геолог ва палеонтологи советӣ, академияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1946; аъзокорр 1933), аъзои фахрии АФ РСС Туркм. (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Институти кӯҳкории Петроградро хатм кардааст (1915), аз соли 1920 проф., аз 1932 мудири кафедраи геологияи таърихии ҳамин институт. Солҳои 1946—1951 раиси Президиуми филиали Туркманистонии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, 1946—1952 директори лабораторияи кӯлшиносии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, аз 1954 раиси Комитети байниидоравии стратиграфии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Корҳои асосиаш доир ба стра­тиграфия, палеонтология, палеогеографияи палеозой ва сарватҳои зери- заминии Урал, Осиёи Миёна ва платформаи Эвропаи Шарқӣ мебошад. Ӯ солҳои 1911—1913 дар Экспедитсиям осиёимиёнагии Д. И. Мушкетов иштирок карда, тадқиқоти геологӣ бурдааст. Аз 1915 cap карда, ба омӯхтани гео­логияи Помир ва Урал машғул мешавад. Солҳои 1932—1938 дар корҳои геоло­гии Экспедитсияи Помир ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистон роҳбарӣ карда­аст. Аз 1937 муҳаррири калони харитаҳои геологии хурдмасштаби ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1946), лауреати Му­кофоти ленинӣ (1957). Бо медалҳои тиллои ба номи Н. М. Пржевалский (1927) ва ба номи А. П. Карпинский (1949) сарфароз гардидааст. Наливкин академияи АФ Сербия (1968), аъзои фахрии як қатор ҷамъиятҳои илмии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Франсия, Британияи Кабир, Полша, Венгрия, Чехословакия, ШМА, Ҳиндустон аст. Ӯ бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Очерк геологии Туркестана. Таш­кент, М., 1926; Геология ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, М.— Л., 1962) Ураганы, бури и смерчи. Л-., 1969.

Ад.: Дмитрий Васильевич Наливкин, М.—Л.. 1950 (АН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Материалы к библиографии ученых ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Сер. геоло­гических наук, в. 0).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …