Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Налбандян Дмитрий Аркаде­вич

Налбандян Дмитрий Аркаде­вич

Налбандян Дмитрий Аркаде­вич (таваллуд 15.0 9. 1906, Тбилиси), рассоми советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1976). Рассоми Халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1969). Аъзои хақиқии АР ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1953). Аъзои КПСС аз соли 1948. Дар АР Тбилиси (1924—1929) аз Е. Б. Ланоере ва Б. Татевосян таълим гирифтааст. Муаллифи мусаввараҳо дар мавзӯи таърихию револютсионӣ ва портрету манзараҳо. Асарҳояш: «Баромади С. М. Киров дар Съезди 17-уми партия» (1935, Музеи Кремли Москва), «Ҳокимият ба Советҳо — сулҳ ба халқ- ҳо» (бо ҳамкории диг., Музеи рассомии вилояти Улянов, 1950), «Дар арафаи Револютсияи Октябр» (1970—1973, Қасри Калонн Кремл). Лауреати Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1940, 1951). Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …