Маълумоти охирин

Наъл

Наъл, олати филизиест, ки барои муҳофизати суми ҳайвоноти боркаши хонагӣ (асп, хар) ва пешгирӣ кар­дан аз фитшавӣ ба пошна ва тагчарми баъзе навъҳои пойафзол (кафш, мӯза ва ғайра) мезананд. Дар замонҳои пеш барои муҳофизати пошна кафши аз най, лиф, пахол, ресмон бофташуда ба кор мебурданд. Баъдтар аз оҳан сохтани Наъл расм шуд. Ин гуна Наълро бо тасма ё ресмон ба суми ҳайвонот мебастанд. Налъи имрӯзаро, ки бо мех мезананд, аввалин маротиба дар асри 3 римиҳо ихтироъ кардаанд ва он то ҳол қариб тамоман тағйир наёфтааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …