Маълумоти охирин

Нақши Рустам

Нақши Рустам  ёдгориҳои меъмории бостонӣ, мақбараҳои катибадори шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ, ки дар шахи Ҳусайнкӯх, канда шудаанд. Нақши Рустам 65—75 километр дуртар аз Шероз, дар самти шимолии Тахти Ҷамшед (Персепол) воқеъ аст. Мақбараҳо дар баландии 20 метр дар шакли салиб канда шуда, дар онҳо Дорои 1, Ҳашиёршоҳи I, Артаҳашиёри I ва Дорои II дафн шудаанд. Матни катиба подшоҳии Дорои 1-ро тавсиф карда, халқҳои мамлакатҳои зердасти ӯро ба итоаткорӣ даъват менамояд ва гирифтори ҷазоҳои мудҳиш шудани халқҳои озодихоҳро таъкид месозад.

Осори тасвирии Нақши Рустам инчунин шаъну шукӯҳи империяи Дорои I-ро, ки солҳои 522—521 19 маротиба ҷангида, шоҳони 9 мамлакатро асир гирифтааст, инъикос ме­намояд. Дар қисми болои релефи пешгоҳи мақбараи салибшакл сурати Аҳуромаздо, дар зери он сурати Дорои I ва се надими дарборн ӯ тасвир шудаанд. Дар катибаи қисми поёни релеф 24 сатрапи (вилояти) давлати Дорои I ва рӯйхати пурраи халқиятҳои он оварда шудаанд. Дар рельефи қаноти чапи поёни қабри Дорои I ғалабаи шоҳи Сосонӣ Шопури I бар императори Рим Валериан (260) ва дар назди Шопур зону за­да, таслим шудани ӯ тасвир ёфтааст. Дар катибаи зери релеф юриши форсҳо ба Закавказия (262) сабт шудааст.

Дар рӯбарӯи мақбара Каъбаи Зардушт воқест, ки бомашро бо тахтасангҳои мусаттаҳ пӯшонида, дар деворҳояш сӯрохҳои рушноидаро гузоштаанд. Дар деворҳои он рӯйхати мамлакатҳои ба ҳайати дав­лати Сосониён дохилшуда ва ҳадяҳои ба ин оташкада (ибодатгоҳи зардуштиён) омада бо хати паҳлавӣ, портй ва юнонӣ сабт ёфтаанд. Деворҳои дохили оташкада бо тахтасангҳои сиёҳ рӯкаш шудаанд. Релеф ва катибаҳои Нақши Рустам манбаи муҳимми омӯзиши таърих, этногра­фия ва маданияти халқҳои аз тарафи давлати Ҳахоманишиён ва Сосониён забтгардида мебошанд.

Адабиёт: Дандамаев М. А., Иран при первых Ахеменидах, Москва, 1963; Дьяко­нов М. М.. Очерки истории древнего Ирана, Москва, 1961.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, мусиқидон, шоир ва табиби тоҷик (нимаи дуюми асри 16 …