Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нақши кӯбӣ

Нақши кӯбӣ

Нақши кӯбӣ яке aз навъҳои нақш, ки асосан дар чармгарӣ маъмул буд. Нақши кӯбӣ дар маслуоти чармӣ тавассути қолабҳои ҳаккокии мисин сабт мешуд. Навъҳои маъмули он — турунҷ, мадохил, китеба. Нақши кӯбӣ маҳсули меҳнати муштараки наққошону зарробон буда, нафосату ороишоташ аз бисёр ҷиҳат ба амали якҷояи онҳо вобаста буд.

Мусавварахои рӯидевории Панҷакенти ка­дим (асрҳои 7—8) шаҳодат медиҳанд, ки намунаҳои чармини Нақши кӯбӣ дар сарулибоси ашрофони Суғд истифода мешудааст. Нақши кӯбиро инчунин дар муқоваҳои қоғазиву чармнии китобҳо ба кор мебурданд. Ҳоло дар саноати чармгарӣ усулҳои аз ҷиҳати техни­кӣ мукаммали Нақши кубиро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …