Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшакашӣ

Нақшакашӣ

Нақшакашӣ дар мактаб, фаннест, ки ба талабагон асосҳои нақша, кашидани эскизу расмҳои техникӣ ва дар амалия татбиқ кардани онҳоро меомӯзад.

Таълими Нақшакашӣ дар мактабҳои тореволютсионии рус дар аввали асри 19 ҷорӣ гардида, аввал дар омӯзишгоҳҳои шаҳрӣ ва музофотӣ, баъд дар омӯзишгоҳҳои олии ибтидоӣ ва реалӣ сурат гирифт. Дар мактаби маълумоти умумии советӣ Нақшакашӣ  то соли 1932 дар курси математика омӯхта мешуд, як қисм маълумоти оид ба Нақшакаширо расмкашӣ дарбар гирифта буд.

Аз соли 1932 Нақшакашӣ ба плани хониши мак­таби миёна ҳамчун фанни таълими дохил гардид. Дар солҳои минбаъда программа ва тарзи таълими Нақшакашӣ борҳо тағйир ёфт. Баробари такмили программаи Нақшакашӣ ба мактабҳо асбобҳои аёнии зарурӣ фиристода мешуданд, нашриёти Вазорати маорифи РСФСР оид ба Нақшакашӣ муттасил таблица, маълумотнома, дастур барои муаллимон ва ғайра нашр менамуд. Методикаи таъ­лими Нақшакашӣ  аз муаллим гузарондани нақлу сӯҳбат ва намудҳои гуногуни корҳои мустақилонаи хонандагон, истифодаи машқҳои графикӣ, воси- таҳои техникӣ, кинофилму диафилмҳо, асбобҳои аёнӣ ва ғайраро талаб мекунад. Машғулиятҳои факултативӣ аз фанни Нақшакашӣ , ки бо хоҳиши талабагон гузаронида мешаванд, дониш, малака ва маҳорати наққошии талабагони синфҳои болоро меафзояд.

Дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ Нақшакашӣ бо расмкашӣ як карда шудааст ва онро дар Румыния дар синфи 10, дар Полша ва Чехословакия дар синфи 9 меомӯзанд. Дар ШМА, Анг­лия, Франсия ва дигар мамлакатҳо Нақшакаширо бо расмкашӣ ва меҳнати дастӣ якҷоя таълим медиҳанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …