Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшагирии муфассал

Нақшагирии муфассал

Нақшагирии муфассал  (1:10 000 ва калонтар)-ро дар майдони кони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин дар ноҳияҳои ҷустуҷӯи инженерию геологӣ ва бо об таъминкунию мелиоратсия­ истифода мебаранд. Дар рафти тадқиқот нақша, модел ва диаграммаҳои бисёре тартиб дода мешавад.

Ба туфайли нақшагирии геологӣ барои тамоми территорияи Тоҷикистон харитаи геологии масштабаш миёна  тартиб дода шудааст. Ноҳияҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва майдонҳои  кони сарватҳои зеризаминӣ бошанд, харитаҳои геологии масштабашон  калон ва муфассал доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …