Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшагирии гравиметрӣ

Нақшагирии гравиметрӣ

Нақшагирии гравиметрӣ маҷмӯи ченкунии бузургиҳост, ки майдони гравитатсионии ноҳияи муайянро ифода мекунад. Инчунин муқаррар намудани мавқеи пунктҳои  гравиметриро дар бар мегирад.  Нақшагирии гравиметриро одатан бо ёрии гравиметрҳо, асбобҳои раққосақдор ва вариометрҳои гравитационӣ мегузаронанд.  Нақшагирии гравиметри аз рӯи таъиноташ ба нақшагирии гравиметрии умумӣ ва нақшаиприи гравиметрии муфассал тақсим мешавад.

Нақшагирии гравиметрии умумиро барои омӯхтани шакли Замин ва сохти умумии геологии ноҳияҳои калон.  Нақшагирии гравиметрии муфассалро барои муайян намудани структураҳои алоҳидаи геологӣ, ҷойҳои маъдандор ва тамоюлоти шоқул истифода мебаранд. Дар асоси маълумотҳои  Нақшагирии гравиметрӣ харитаҳои; гравиметрӣ месозанд, ки онҳо қисми  аномалияи майдони гравитационии Заминро ташкил медиҳанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …