Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшагирии гидрогеологӣ

Нақшагирии гидрогеологӣ

Нақшагирии гидрогеологӣ маҷмӯи тадқиқоти саҳроиест, ки бо  мақсади тартиб додани харитаҳои гидрогеологӣ ва муайян намудани шароити умумии гидрогеологии территорияҳо гузаронида мешавад. Дар процесси Нақшагирии гидрогеологӣ ҷинсҳое, ки горизон ту комплекс ва зонаҳои обдоштаро ташкил додаанд, омӯхта мешаванд.

Нақшагирии гидрогеологӣ инчунин тадқиқи хусусиятҳои обсофкунӣ ва паҳншавии ҷинсҳо,  ғафсии ҷинсҳои обнигаҳдору обногузар, қувваи фишор, хелу сифат ва  режими обҳои зеризаминиро дар бар мегирад; омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, гидрологи ва иқлимиеро муайян мекунад, ки ба манбаъ ва пайдоиши обҳои зеризаминӣ таъсир мерасонанд. Вазифаҳои Нақшагирии гидрогеологӣ  вобаста ба  масштаб ва таъиноти он тағйир меёбанд.

Нақшагирии гидрогеологии масштабаш хурд 31 (1:1000 000 —1:500000) дар ноҳияҳои аз ҷиҳати гидрогеологӣ кам омӯхташуда бо мақсади тартиб додани харитаҳои умумии гидрогеологӣ, муайян кардани хосияти обнигаҳдории ҷинсҳо ва сифати обҳои зеризаминӣ гузаронида мешавад.

Ҳангоми Нақшагирии гидрогеологии масштабаш миёна (1:200 000 — 1:100000) ха- ритаҳои гидрогеологии комплекс, го­ризонт ва ё зонаҳои обдоштаро тартиб медиҳанд, хосияти обнигаҳдории ҷинсҳо, сифат ва режими обҳои зеризаминӣ, инчунин ҳодисаҳои гео- логиеро, ки бо амалиёти обҳои рӯизаминию зеризаминӣ алоқаманданд, меомӯзанд. Нақшагирии гидрогеологи, қабат ва линзаҳое, ки об доранд, тартиб дода мешаванд.

Дар рафти нақшагириҳои масштабашон миёна i ва калон корҳои пармакунӣ, мушоҳидаи сатҳу таркиби химиявии об- ҳои зеризаминӣ ва ченкунии дебити чашмаҳо низ давом мекунанд; усулҳои геофизикӣ, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва маълумоти аэрофотосуратҳо истифода бурда мешаванд.и масштабаш калон (1: 50000 ва калонтар)-ро барои ҳалли вазифаҳои махсуси давраи лоиҳакашии техникӣ ва амалӣ (интихоби қитъаҳои обҷамъшавӣ, ҷустуҷӯи захираи обҳои зеризаминӣ, тадқиқи оби конҳо ва ғайра) мегузаронанд. Ҳан­гоми Нақшагирии гидрогеологии масштабаш калон харитаҳои гидрогеологии горизонт, зона,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …