Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшагирии геологӣ

Нақшагирии геологӣ

Нақшагирии геологӣ маҷмӯи тадқиқотҳои геологии саҳроӣ, ки бо мақсади тартиб додани харитаҳои геологӣ ва дарёфт намудани кони сарватҳои зеризаминӣ гузаро- нида мешавад. Нақшагирии геологӣ ҷинсҳои кӯҳии ба тариқи табиӣ ва ғайритабиӣ лучшуда (дар рӯи замин намоён шуда) – ро меомӯзад; таркиб, пайдоиш ва синни онҳо, инчунин шакли ҷойгиршавии ҷинсҳоро муайян мекунад. Дар рафти Нақшагирии геологӣ ҷамъоварии на- мунаи ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва боқимондаҳои ҳайвоноту набототи санггашта давом мекунад. Нақшагирии геологӣ мувофиқи дастуруламалҳое, ки Вазорати геологияи СССР тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад. Характери тадқиқот ба масштаби нақшагирӣ вобаста аст. Нақшагириҳои масштабашон хурд, миёна, калон ва муфассал аз якдигар фарқ мекунанд.

Нақшагирии масштабаш хурд (1:1000 000, 1:500 000) бо роҳи саросар мушоҳида кардани маршрутҳои ҷудогонае, ки ба сӯи қитъаҳои бештар лучшуда мебаранд, гузаронида мешавад. Натиҷаҳои нақшагириро маълумотҳои геологияи кайҳонӣ ва аэрофотосуратҳо пурра мекунанд.

Нақшагирии масштабаш миёна (1:200 000, 1:100 000) намуди асосии харитакашии геологист, ки чи тамоми территорияи СССР ва чи ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳимро дар бар мегирад. Он бо мақсади омӯхтани хусусиятҳои асоситарини сохти геологии территорияҳо ва додани баҳои пешакӣ ба сарватҳои зеризаминӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми тадқиқот дар майдонҳо хандақ, шурф ва пармачоҳҳо мекованд, маълумотҳои геологии аэрофотосуратҳо- ро истифода мебаранд. Азбаски ҷустуҷӯйҳо комплексианд, тамоми намудҳои сарватҳои зеризаминиро дар бар мегиранд.

Нақшагирии масштабаш калон (1: 50 000, 1: 25 000) дар ноҳияҳои саноати маъдани кӯҳӣ, дар ноҳияҳое, ки пешомаднокии сарват­ҳои зеризаминии онҳоро тадқиқотҳои пештара муқаррар кардаанд, инчунин дар ноҳияҳои азхудкунии заминҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмони манзилгоҳу корхонаҳои сяноатӣ истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи Нақшагирии геологии калонмасштаб майдонҳоеро, ки аз эҳтимол кони сарватҳои зеризаминӣ доранд, ба қайд гирифта, минбаъд дар он ҷойҳо корҳои муфассали ҷустуҷӯию иктишофӣ мегузаронанд ва ба сарватҳои зеризаминии ёфташуда баҳои аввалин медиҳанд. Дар нақшагирии калонмасштаб усулҳои геофизикию геохимиявӣ ва маълумотҳои аэрофотосуратҳо истифода бурда мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …