Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нақшагирии аэромагнитӣ

Нақшагирии аэромагнитӣ

Нақшагирии аэромагнитӣ усули тадқиқи майдони магнитии Заминро гӯянд. Ин усул бори аввал соли 1936, баъди аэромагнитометрро ихтироъ кардани геофизики советӣ А. А. Логачёв кор фармуда шуд. Баъдтар Нақшагирии аэромагнитиро барои ҷустуҷӯи кон- ҳои маъдан, тартиб додани харитаҳои геологӣ ва санҷидани онҳо васеъ истифода мебурдагӣ шуданд. Ҳангоми Нақшагирии аэромагнитӣ тамоми масоҳати май­дони (магнитӣ дар самтҳои ба ҳам мутавозеъ (бо роҳи пурра фаро ги­рифтани территорияи омӯхташаванда) чен карда мешавад. Вобаста ба масшта­бе нақшагирӣ масофаи байни самтҳо аз 500 метр то 10 километр-ро ташкил медиҳад.

Сифати Нақшагирии аэромагнитӣ ба баландӣ ё пастии парвоз вобаста аст. Дар сурати паст парвоз кардани самолёт ё вертолёт муайян намудани объектҳои хурдтарин ҳам имкоппазир мегардад. Маълумотҳои ба даст омада дар харитаи изохатҳое, ки андозаи шиддатёбии амудии майдони магнитии заминро нишон медиҳад ё дар графикҳое, ки ба кӯндалангӣ тағйир ёфтани андозаи ченшавандаро мефаҳмонанд, инъикос меёбанд. Тавассути самолёту вертолётҳо ва киштиҳои кайҳонӣ дар муддати ниҳоят кӯтоҳ территорияҳои хеле калонро тадқиқ намудан мумкин аст. Чунин восита барои ёфтани сарватҳои зеризаминӣ ва омӯхтани қонунияти паҳншавии онҳо хеле ёрӣ мерасонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …