Маълумоти охирин

Нақш

Нақш (ар. — ҳаккокӣ; асар, из, пай; тасвир), дар санъати тасвирӣ бо усули муайян такроран сабт кардани порчаҳои геометрӣ, наботот ва ғайра. Фарқи Нақш аз тасвир ин аст, ки дар он асосан унсурҳои схематикӣ истифода мешаванд. Бинобар ин Нақш танҳо хоси ҳунари наққошист (нигаред. Наққошӣ). Нақш аз қадимулайём дар байни устоҳои халқӣ маъмул буда, онро қариб дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳунармандӣ (гачкорӣ, кандакорӣ, наққошӣ, кулолӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, мисгарӣ, зардузӣ ва ғайра) ба кор мебаранд. Наққошон ва ҳунармандон аз хелҳои гуногуни Нақш: ислимӣ, занҷира, турунҷ, мунаббати гиреҳ, гирдобӣ, лӯлапардоз, лоламадохил ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …