Маълумоти охирин

Нақш

Нақш, лаъле, лалола, суруди тӯи арӯсӣ, ки аз тарафи сарнақшхон ва гуруҳи мардон иҷро мешавад. Дар вилояти Ленинобод Нақше сароида мешавад, ки асосан аз 3 қисми мухталифи пайдарҳам иборат аст (нақши калон, нақши миёна, нақши хурд). Нақшро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ месароянд. Дар Исфара Нақшҳо то ҳамин наздикӣ ҳангоми гузаронидани маросими «Сайри гули лола» иҷро мешуданд. Дар кӯҳистони шимоли Тоҷикистон ду навъи Нақши тӯи Нақш вуҷуд дорад: н а қ ш (яке ва навъҳои он «шамъ» бо матни «Рафтам раҳи дуродур») ва нақши мулло.


«На чаман, ва гул, на бӯстон».

Боев Ер. деҳаи Дарғи райони Айнӣ

На чаман, на гул, на бӯстон,

Кӣ канад гул аз гулистон.

Хабаре аз май расидаст — 2 бор

Ту магар хабар надорӣ — 2 бор

Ту биёӣ аввали шаб — 2 бор

Дари субҳ(у) во набошад, — 2 бор

Шаби ошиқони бедил, — 2 бор,

Ки шаби дароз(у) бошад, — 2 бор

Чӣ шаб аст, ки маҳ барояд. — 2 бор,

Маҳи ман зи дар дарояд,— 2 бор

Маҳи ман чу хирмани гул, — 2 бор

Ба канори ман дарояд. — 2 бор.

 

Дар мусиқии классикӣ Нақш ҳамчун қисмати алоҳида дар мақомҳои Хоразм мавқоъ дорад. Истилоҳи Нақш инчунин дар асари мусиқишиносони гузашта Абдулқодири Мароғӣ (асри 14), Кавкабии Бухороӣ (асри 16) воме- хӯрад. Н ақш ҳамчун сурудҳои дорандаи шакли муайяни мелизмавӣ (тобиши оҳангӣ) дар мусиқии Шарқи Наздик ва Осиёи Хурди асрҳои 13— 16 паҳн шуда буд. Нақш ҳамчун яке аз шаклҳои суруд дар байни мутрибони касбии асрҳои 15—16-и Осиёи Миёна низ вуҷуд дошт, ки ба «тарона» наздик буда, бар матни рубоӣ таҳия мешуд.

Ад.: A й н ӣ Садриддин„ Куллиёт, ҷилди 12, Ду­шанбе, 1946; Фарҳанги забони тоҷикӣ ҷилди 1, Москва, 1969; Пещерева Е. М., Празд­ник тюльпана (лола) ва сел. Исфара Кокандского уезда. Дар китоби В. В. Бартоль­ду — туркестанские друзья, ученики и почитатели, Ташкент, 1927; Миронов Н. Н., Музыка таджиков, Сталинабад, 1932; Бабурнаме, записки Бабура, перевод Москва Салье, Ташкент, 1958; Беляев В. М., Очерки по истории музыки наро­дов СССР, в. 1, Москва, 1962; ШоттенА., Обзор марокканской музыки, Москва, 1965; Рашидова Д., Наджмиддин Кавкаби Бухори. Дар маҷмӯаи: История и современ­ность (Проблемы музыкальной культуры народов Узбекистана, Туркмении и Тад­жикистана), Москва, 1972; Арабская музыка, Музыкальная Энциклопедия, том 1, Москва, 1973; Агаева С. X., О музыкальных жанрах средневекового Азербайджана, дар маҷмӯаи: Материалы научной конфе­ренции аспирантов АН Азербайджанской ССР, Баку, 1976.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …