Маълумоти охирин

Нақора

Нақора (ар. — дуҳул), сози мусиқии зарбӣ, ки дар байни бисёр халқҳо маъмул аст; танаи дарунхолие дошта, аз як ё ду тарафаш пӯст кашидаанд. Ҳангоми ба мемб­рана задан овоз ҳосил мешавад (баъзан дар вақти соиш). Баландии овози Нақора беандоза (номуайян) аст. Аз замонҳои қадим Нақора ҳамчун сози бонги хабар истифода шуда, рақсҳо, намоишҳо, маросимҳои динӣ дар ҳавои он иҷро мегардиданд.

Дар оркестрҳои симфонӣ ва нафасӣ ду хели Нақора— калон ва хурд (ё ҳарбӣ) ис­тифода мешаванд. Барон Нақораи калон кӯбаки нӯгаш нармро ба кор меба­ранд. Овози Нақора пурқувват, беҷаранг ва паст мебошад. Танаи Нақораи хурд пасттар буда, ба рӯи мембранаи поёнаш торҳо кашида шудааст, ки овозро ҷарангосӣ мекунанд. Барои задани Нақораи хурд ду кӯбаки чӯбини нӯгғафсро истифода мебаранд. Нақораи пионерӣ ба ҳамин навъи Нақора монанд буда, аз он хурдтар аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …