Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нақлиёти роҳи оҳан

Нақлиёти роҳи оҳан

Нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёест (паровоз, тепловоз, электровоз ва ғайра), ки тавассути он бор ва пас­сажир мекашонанд. Нақлиёти роҳи оҳан баробари тараққии капитализм пайдо шуд. Соли 1825 дар Англия аввалин роҳи оҳан Стоктон-Дарлингтон сохта шуд. Дар Россия бошад, нахустин роҳи оҳани Пе­тербург—Сарское Село—Павловскро соли 1837 сохтанд. Соли 1851 сохтмони роҳи оҳани Петербург—Москва ба охир расид.

Соли 1980 дар СССР тӯли роҳи оҳани 141,8 ҳазор километр аз он ҷумла 43,7 ҳазор километр роҳи оҳани электриконида буд.

Роҳҳои оҳани асосии СССР, ки маркази мамлакатро бо Донбасс, Урал, Сибир, Шарқи Дур пайваст мекунанд, инҳоанд: роҳи оҳан  Москва — Горкий—Перм, Свердловск—Омск, Москва — Арзамас — Қазон — Сверд­ловск—Омск—Новосибирск—Красно­ярск—Тайшет—Иркутск—Чита—Ха­баровск—Владивосток ва ғайра Солҳҳои 1960—70 магистралҳои нав сохта шудаанд: Абакан—Тайшет, Макат— Узен ва ғайра. Соли 1974 сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур Уст-Кут — Комсо­молски Амур (3200 километр) оғоз ёфт. Роҳҳои оҳани СССР бо роҳҳои оҳани байналхалқии 25 мамлакати Европа ва Осиё пайваст мебошанд. Соли 1980 дар СССР тавассути роҳи оҳан 3728, 2 миллион тонна бор, 3569 миллион пассажир кашонда шуд.

СССР аз ҷиҳати  ҳаҷми бору пассажиркашонӣ дар ҷаҳои ҷои якумро мегирад. Дар натиҷаи азнавсозии техникӣ дар нақлиёти роҳи оҳани СССР электровозу тепловоз ҷорӣ кар­да шуд. Дар сохтмони роҳҳои оҳан релсҳои вазнин, шпалаҳои оҳану бетон ва ғайра истифода карда шуданд; роҳҳои оҳани асосӣ бо автоблокиров­ка ва диспетчери марказӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Дар натиҷаи азнавсозии техникӣ арзиши аслии боркашонӣ дар солҳои 1950—70 қариб ду маротиба кам шуда, самараи меҳнат бо­шад дар ҳамин давра қариб 3,4 маротиба афзуд.

Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ оғоз ёфт. Соли 1925 бо ташаббуси Пар­тияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Со­ветӣ сохтмони роҳи оҳани Самсоново— Тирмиз—Душанбе cap шуд. Ин ро­ҳи оҳан дар шароити ниҳоят душвор, дар шароити нарасидани об, маснуот ва озуқаворӣ сохта мешуд. Дар ин сохтмон ҳазорҳо заминкан, сангчин ва дуредгарон кор мекарданд. 7 ноябри 1925 ба вокзали Тир­миз аввалин поезд омад. Соли 1926 роҳи оҳан то Ҷарқӯрғон — нахустин стансияи роҳи оҳани Тирмиз—Душанбе давом дода шуд.

Дар ноябри 1927 роҳи оҳан то дашти водии Сурхон расид. Зимистони солҳои 1927—28 дар сеяки участка роҳи оҳан хобонда шуд. Стансияи нав — Шӯр­чӣ ба истифода дода шуд. 11 сентябри 1929 ба ш. Душанбе нахустин поезд омад.

Роҳи оҳани Тоҷикистонро бо дигар республикаву ноҳияҳои мамлакат пайваст. Участкаҳои роҳи оҳани терреторияи Тоҷикистон ба ҳайати роҳи оҳани Осиёи Миёна дохил аст. Дарозии роҳи оҳани бараш муқаррарӣ 255 километр, дарозии роҳи оҳани камбар 386 километрм мебошад. Ҳозир ка­риб тамоми борҳо бо тепловозҳо кашонда мешаванд, ки ин самараи меҳнатро баланд бардошта, арзиши аслии боркашониро кам кард. Сифати боркашонӣ беҳтар гардида, вагонҳои ҳавояшон мунтазам тозашаванда ба истифода дода шуданд. Суръати поездҳои пассажиркаш хеле афзуд. Роҳи оҳани камбар, ки Душанберо бо водии Вахш ва вилояти Кӯлоб мепайвандад, фақат барои боркашо- нии дохили республика хизмат мерасонад ва ба сабаби ривоҷу равнақи нақлиёти автомобили аҳамияти худро беш аз пеш гум мекунад. Тавассути роҳи оҳан камбар ба водии Вахш сӯзишворӣ, мурӣ, чӯбу тахта ва ғайра мекашонанд. Соли 1970 бо роҳи оҳан камбар 836 ҳазор тонна бор кашонда шуда буд. Дар ҳамин давра ҳаҷми корҳои нақ- лиётӣ тақрибан 1,7 маротиба афзуд.

Адабиёт: Железнодорожный транспорт СССР в документах Коммунистической Партии и Советского правительства, Москва, 1957.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …