Нақлиёти дарёӣ, нақлиётии обӣ, нақлиётест, ки тавассути он бо роҳҳои обии дохилӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо) бор ва пассажир мекашонанд. Нақлиёти дарёӣ флот (ҳама гуна киштиҳои гуногуни дарёӣ), роҳҳои алоқа, бандарҳо, муассисаҳои киштисозию таъмири кишти ва ғайраро муттаҳид мекунад.
Киштигардии дарёӣ дар асрҳои 6— 9 дар Байнаннаҳрайн, Мисри Қадим ва Хитой тараққӣ карда буд. Роҳи бузурги обии «аз варягҳо то юнониҳо» (роҳи обии тиҷоратиест дар Руси Киев, ки Руси Шимолиро бо Ҷанубӣ, Наздибалтика ва Скандинавияро бо Рум мепайваст) машҳур аст. Дар Россия аввалин кишт соли 1815 (дар Петербург) сохта шуд. Аввалин теплоходи ҷаҳонро соли 1903 дар Россия сохтаанд.
Нақлиёти дарёӣ махсусан дар солҳои Ҳокимияти Советӣ босуръат тараққӣ кард. Тӯли умумии роҳи дарёии СССР 9,6 миллион километр буда, зиёда аз 144,5 ҳазор километри он киштигард аст. Муҳимтарин роҳҳои дарёӣ инҳоанд: Волга, Днепр, Дон, Двинаи Шимолӣ, Печора, Енисей, Лена, Обь, Иртыш, Амур. Муҳимтарин каналҳои киштигард баҳри Сафеду Балтика, роҳи обии Волгаю Балтикаи ба номи Владимир Илич Ленин, Канали ба номи Москва, Канали Волгаю Дони ба номи Владимир Илич Ленин мебошанд. Бандарҳои асосии дарёӣ инҳоанд: Москва (3-то), Горкий, Волгоград, Киев, Днепропетровск, Ленинград, Ростов, Перм, Архангелск, Осетрово (дар дарёи Лена), Красноярск, Новосибирск, Омск, Хабаровск, Игарка. Инкишофи роҳҳои обии дохилӣ ба туфайли сохтмони иншооти калони гидроэнергетикӣ бо шлюзҳои киштигард (Волгоград, Куйбышев, Саратов,Горкий (дар дарёи Волга), Перм (дар дарёи Кама), Каховка, Кременчуг, Днепродзержинск, Киев (дар дарёи Днепр), Новосибирск (дар дарёи Обь), Иркутск, Братск (дар дарёи Ангара) ва ғайра ба танзими ҷараёни дарёҳо мусоидат мекунанд. Флоти дарёӣ мунтазам бо киштиҳои нави ҳозиразамон таъмин карда мешавад. Дар СССР бо Нақлиёти дарёӣ 568,1миллион тонна бор (бурдуовардаш 244,9 миллиард тонна/километр) ва 138 миллион нафар пассажир кашонида шудааст (1 январ 1980).
Аз ҷумлаи дарёҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷорианд (қисман дарёи Аму ва шохоби он Панҷ) киштигарданд (тӯлашон 300 километр). Кори Нақлиёти дарёии дохили РСС Тоҷикистонро муассисаи корҳои киштиронии дарёии осиёимиёнагӣ ба ӯҳда гирифтааст. Бо киштӣ байни республикаҳои бародарии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон бор мекашонанд. Соли 1970 бо Нақлиёти дарёи 160,0 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ҳаҷми воридоташ 333,2 ҳазор тонна буд. Қисми зиёди бори овардашуда маҳсулоти нефт (42%), ғалла (9%), чӯбу тахта (4%) аст. Панҷ, Айваҷ, Файзободқалъа истгоҳҳои асосии киштианд. Қариб ҳамаи бор аз бандари Тирмиз (РСС Ӯзбекистон) оварда мешавад. Истгоҳи киштии Панҷи Поён бо роҳи оҳани камбари он ҷо алоқаманд аст.