Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нақлиёт

Нақлиёт

Нақлиёт (ар. — воситаи аз ҷое ба ҷои дигар кӯчидан), соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва хизматрасонӣ оид ба кашондави бор ва пассажир.

Нақлиёт ду навъ аст: дохилиистеҳсолотӣ ва истифодаи умумӣ. Нақлиёти дохилиистеҳсолотӣ (роҳи оҳан, роҳҳои автомобил, роҳҳои симини овеза, конвейерҳо, транспортёрҳо ва ғайра) ба як ё якчанд корхона хизмат мерасонад. Нақлиёт барои кашондани ашёи хом ва маснуот ба сехҳои истеҳсолот аз як сех ба сехи дигар бурдани масолеҳи нимтайёр ва ба анбор ка­шондани маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст. Нақлиёти истифодаи умумӣ ба­рои кашондани воситаҳои меҳнат аз як муассиса ба муассисаи дигар ё аз истеҳсолот ба районҳои истеъмолкунанда бурдани маҳсулоти тайёр ва кашондани пассажир хизмат мекунад.

Нақлиёт чунин хелҳо дорад: нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти дарёӣ, нақлиёти трубопроводӣ, нақлиёти poҳu оҳан, нақлиёти ҳавоӣ, нақлиёти баҳрӣ.

Воситаҳои оддии нақлиёт ҳанӯз дар ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудаанд. Нақлиёт дар давраи табаддулоти саноатӣ соҳаи махсуси истеҳсолот гардпд. Дар ибтидои асри 19 воситаҳои механикии Нақлиёт ба вуҷуд омаданд, пароход ва па­ровозҳо пайдо шуданд. Солҳои 30 асри 19 мамлакатҳои мутараққии саноатӣ (ШМА, Белгия, Франсия, Анг­лия ва дигар)  роҳи оҳан доштанд. Соли 1837 дар Россия нахустин роҳи оха­ни Петербург—Сарское Село—Пав­ловск ва 1851 роҳи охани Петер­бург—Москва (650 км) ба истифода дода шуд.

Дар СССР тамоми намудҳои Нақлиёт умумихалқӣ буда, системаи ягонан нақлиётро ташкил медиҳанд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Нақлиёт ба яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқ табдил ёфт.

Хизмати нақлиётии бештари районҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати проб­лемаи техникӣ хеле мураккаб аст (зиёда аз 9/10 территорияи республикаро кӯҳҳо ишғол кардаанд). Шабакаи роҳҳои Тоҷикистон ниҳоят васеъ аст (255 километрм роҳи оҳани муқаррарӣ, 386 километр роҳи одҳани камбар, қариб 300 километр роҳи обӣ, 13500 километр роҳҳои автомобил, аз он ҷумла 8500 километр ро­ҳи асфалтпӯшу сангфарш, 7100 километр роҳи ҳавоии мадаллӣ).

Соли 1925 сохтмони роҳи оҳани Самсоново— Тирмиз—Душанбе оғоз ёфт. Ба Ду­шанбе нахустин поезд соли 1929 омад. Алоқаи беруна ва байниреспубликавии нақлиётию иқтисодӣ асосан тавассути роҳи оҳани муқаррарӣ, инчунин нақлиёти дарёию ҳавоӣ ба амал бароварда мешавад. Нақлиёти автомо­били ва роҳи оҳани камбар дар алоқаи байниреспубликавӣ роли калон мебозанд. Дар дохили республика бор асосан бо роҳи оҳани муқаррарӣ, пассажи­рон бо нақлиёти ҳавоӣ кашонда ме­шаванд. Наклиёти автомобилӣ дар кашондани бор ва пассажирони до­хили республика низ аҳамияти ка­лон дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …