Маълумоти охирин

Нақл

Нақл (ар. — aз ҷое ба ҷои дигар бурдан), дар фольклор, як шакли осори насри даҳанакии халқ аст, ки таърихи қадима дорад. Нақл ҳамчун маҳсули эҷодиёти бадеии халқ муносибат ва назари одамонро дар бораи табиат ва ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд. Як хусусияти Нақли халқи он аст, ки асоси сюжети вай аз воқеаҳои аниқи ҳаётӣ фароҳам меояд. Дар Нақл тасвирҳои муболиғадор ва ҳодисаҳои хаёлии аз ақл берун мавқеъ надоранд. Образ ва предметҳои тасвир низ дар Нақл конкрет ва реалӣ мебошанд. Сохти композитсионии Нақл нисбатан содда аст. Дар Нақл тасвирҳои муфассал ва печ дар печи воқеаҳо дида намешаванд. Нақл бо хусусиятҳои жанрии худ ба ривоят хеле наздик аст. Бинобар ин гӯяндагони халқӣ гоҳо ба ҷои Нақл истилоҳи «ривоят»-ро ба кор мебаранд.

Баъзан ҳам Нақл ва ҳам «ривоят» ба­рои ифодаи як мақсад истифода мешавад. Дар гуфтугӯи халқ ба ҷои Нақл истеъмоли истилоҳҳои «ҳикоя», «қисса», «достон», «афсона» ва ғайра низ ба назар мерасад. Нақл аз ҷиҳати сохт, тарзи тасвир, мавзӯъ, образ ва истифодаи воситаҳои бадеӣ ба жанри ёддошт наздик аст. Нвқл чун дигар жанрҳои фольклорӣ, мавзӯъҳои гуногунро дарбар мегирад. Дар байни тоҷикон оид ба мазору зиёратгоҳҳо, шаҳру деҳот, маҳаллаву гузарҳо, чашмаҳо, ёдгориҳои қадима, шахсони машҳури таърихӣ ва ғайра Нақлҳои бисёре мавҷуданд. Як қисми Нақлҳо дар асоси ақидаҳои мифологии мардум ба вуҷуд омадаанд ва ҳамчунин аз унсурҳои ҳаёти воқеӣ холӣ нестанд.

Дар бораи ҷонварон ва пайдоиши онҳо низ Нақлҳои зиёде вуҷуд доранд. Оид ба воқеаҳои солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ, ҷанги граж- данӣ, сохтмони колхозҳо ва иншоотҳои бузург, воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам Нақлҳо ҳастанд. Нақл дар ҳаёти маънавии халқ мавқеи муайян дорад. Ин шакли насри халқӣ барои донистани фикру ақида, хаёлот ва тарзи зиндагонии мардум кӯмак расонда, оид ба омӯзиши таъриху маданияти халқ материали фаровон медиҳад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …