Маълумоти охирин

Наққошӣ

Наққошӣ (аз ар. — нақшкунанда, суратгар), нақшкашӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз намудҳои қадимии санъати амалии халқ. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои apxeoлигии  Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки Наққошӣ дар ин ҷо замонҳои қадим ривоҷ ёфтаасг. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, куло- лӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ ба тараққиёти Наққошӣ низ мусоидат кардаанд. Намунаҳои но­дири нақшунигоре, ки дар натиҷаи хафриёти археологӣ аз Тирмиз, Варахша, Афросиёб, Панҷакент ва дигар маҳалҳо ёфт шудаанд, аз маданияти баланди гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар амали наққошон (ёдгориҳои меъморӣ, зарфхо, матоъҳо ва асбобҳои гуногуни рӯзгор ва ғайра)-и маҳалҳои мухталифи кишварамон монандӣ ва умумияте ба назар расад ҳам, дар шаҳру маҳал услуби xocu Наққошӣ дорад. Одатан, устоҳои сангтарош, кандакор, кашидадӯз ва ғайра аз тарҳе, ки наққошон тайёр карда­анд, истифода мебаранд ва ё худашон нақш мекашанд.

Масалан, дар Ӯротеппа усто Муҳаммадрауфи Носирӣ ҳамчун наққоши бомаҳорат шӯҳрат ёфтааст. Аз нақшҳои ӯ кандакори маъруф усто Абулкарим истифода мебурд. Бисёр наққошон, аз чумла устоҳо Яъкуб ва Юсуф Рауфовҳо, Мирмақсуд Солиев, Ғафур Мансуров, Мирзораҳмат Олимов ва дигар, бо кандакорон ҳамкорӣ мекарданд. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Наққошӣ дар Осиёи Миёна хеле равнақ ёфт (махсусан дар водиҳои Зараф- шон ва Фарғона). Дар ин водиҳо санъати Наққошӣ ба дараҷае маъмул буд, ки ҳатто сокинони деҳаҳои дурдасти водиҳои Зарафшон (Дардар, Дарғ, Зероватк ва ғайра) ва Ҳисор (деҳаи Роҳатӣ) барои нақшунигори биноҳои гуногун устоҳои Ӯротеппа, Хуҷанд ва Самарқандро даъват мекарданд.

Хонаҳои истиқоматии типи кӯҳна ва масҷидҳои болооби Зарафшонро асосан наққошони ӯротеппагӣ оро медоданд. Намунаҳои барҷастатарини санъати Наққошии халқи тоҷик дар ёдгориҳои меъморни шаҳрҳои Са­марканду Бухоро ва Балху Ҳирот дида мешаванд. Дар Панҷакент ус­луби кандакорӣ ва наққошии устоҳои Самарқанд мушодида мегардад. Нақшунигори шифти хона дар районҳои кӯҳии ҷануби Тоҷикистон низ маълум буд. Ёдгориҳои меъморни асри 19 ва ибтидои асри 20 — масҷидҳои Ховалинг, Балҷувон, Кангурт ва деҳаи Чиртаки райони Регар бо суратҳо ва аломатҳои рамзӣ зинат ёфтаанд.

Дар деҳаи Ямг (pайони Вахони Бадахшон) хонаи истиқоматие вуҷуд до­рад, ки пеш аз револютсия сохта шу­дааст ва дар Помир ягона биноест, ки шифти онро бо (мусаввараю нақшҳо (асп, гов, моҳӣ, одам, офтоб, гулҳо) ва навиштаҷоти арабӣ оро додаанд. Наққошони тоҷик дар эҷоди худ асосан аз рангҳои лоҷвард, осмонӣ, зард, сурх, сафед ва сиёҳ истифода мебаранд. Наққошон ба ҳамвор будаши ҷои нақшкашӣ эътибори махсус медиҳанд, чунки ин ҳолат дар ҷолибтар ва пурҷилотар баромадани нақшунигор аҳамияти калон дорад. Схеман нақш, ахта, мӯйқаламҳон аз пашми ҳайвонҳои гуногун тайёркардашуда ва рангҳои мухталиф воситаҳои асосии амали Наққоооҳӣ аст. Наққошони тоҷик анъанаҳои беҳтарини хунармандону санъаткорони гузаштаро эҷодкорона идома дода, санъати Нақоширо боз ҳам бештар такмил медиҳанд. Дар санъ- ати имрӯзаи тоҷик анъанаҳои Наққошӣ асосан дар ороиши биноҳои мада­нию маърифати (чойхона, ресторан, клубҳо) истифода мешаванд. Ороиши чойхонаҳои «Роҳат», «Фароғат», ресторани «Тоҷикистон» (Душанбе), Қасри маданияти колхози ба номи С. Урунхӯҷаев (pесторани Хуҷанд), рестора­ни «Гули бодом» (Конибодом), чойхонаи «Дилором» (Исфара) ва ғайра намунаҳои олии санъати Наққошии муосир мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …