Маълумоти охирин

Нақиза

Нақиза (аз ар. — вид, муқобил), пародия, як навъ осори адабӣ, театрӣ, мусиқӣ ва эстрадиро гӯянд, ки ба тарзи тақлиди масхараомез сохта мешавад. Аз ҷиҳати мазҳакавият Нақиза ду навъ аст; мутоибавӣ ва ҳаҷвӣ. Дар Нақизаи мутоибавӣ ҳазли рафиқона, назари хайрхоона ба асари Нақизашаванда ба назар мерасад. Дар Нақизаи ҳаҷвӣ моҳияти ғоявӣ ва эстетикии асари Нақизашаванда рад мегардад.

Нақиза як воситаи мубориза ба муқобили камбудиҳои эҷодиёти бадеӣ, ҳодисаҳои номақбули адабиёту санъат, мубориза барои маҳорати адабӣ, тозагии забон, ягонагии мундариҷа ва шакли адабиёти бадеист. Нақизаи шеъру ғазалҳо яке аз шаклҳои маълуму машҳури он мебо­шад. Нақизакунанда вазну шакли шеъри Нақизашаванда, образҳо, компози­тсия ва тарзи тасвир, баъзан ҳаҷми онро риоя карда, мисраъҳои суст, забони шеър, калимаҳои лаҳҷавӣ, архаизмҳо, воситаҳои бадеии кӯҳна, такрорҳои бемаврид, мазмуни соддалавҳонаро танқид менамояд. Баъзан шоирон ба шеъри худ Нақиза менависанд. Тарзи дигари Нақизанависӣ аз номи шоири дигар шеър гуфтан аст. Ҷакоби Нақизаро нақизаи нақиза мегӯянд.

Нависандаи юнонӣ Гиппонакт (вафот 530 то мелодӣ) саромади Нақиза шинохта шудааст. Дар адабиёти халқҳои олам Нақизанависӣ аз қадимулайём расм гардида, имрӯз ҳам ривоҷ до­рад. Замони пайдоиши Нақиза дар адабиёти тоҷик аниқ таъин нагардидааст. Намунаҳои комили ин навъи адабӣ дар эҷодиёти шоири тоҷики асри 12 Сӯзании Самарқандӣ дида мешаванд. Нақизаро дар эҷодиёти Абӯисҳоқи Атъима (асри 15). Восифӣ (асри 16), Шоҳин, Савдо (асри 19) ва дигар низ мушоҳида намудан мумкин аст. Дар адабиёти советии тоҷик Нақиза солҳои 20—30 (дар эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ, М. Аминзода, Суҳайлӣ ва дигар) ривоҷ ёфтааст. «Намунаи шеърҳои Пай­рав» ном шеъри Пайрав Сулаймонӣ Нақизаи асарҳои худаш мебошад:

Эй шоири оташқалами бо қалами нав, савдогари Маскав,

Дар дашнаи шиканҷаи танқид забаррав, афтода ба тиргав.

Аз зарбаи танқид дамодам шуда беҳол, афсудаву помол.

3-он acт, ки худро шумурӣ «кӯрӯ кару лол», тарсида зи ҷанҷол.

Ҳон, эй асари «Қурсии хунин»-и ту хун- хун, эй шоири маҷнун!

Ҷон хуну ҷаҳон хуну замин хуну замон хун, олам шуда гулгун…

Солҳои охир дар ин жанри адабӣ шоирони тоҷик Бобо Ҳоҷӣ ва Гулназар қувваозмоӣ менамоянд.

Адабиёт: Та баров С., Пайрав Сулаймо­нӣ (Очерки ҳаёт ва эҷодиёт), Душанбе 1962;

Саъдиев С., Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри XII, Душанбе, 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …