Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Накҳатӣ Абуабдуллоҳ

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ Рӯзбеҳ ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ  номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Накҳатӣ дар тазкираҳо сабт нагардидааст, вале аз ҳунари шоирӣ ва табъи баланди ӯ нуқтаҳоеро пайдо кардан мумкин аст. Масалан, Авфӣ дар бораи ӯ навиштааст: «…нукоти латифи ӯ аз ҳадду адад афзун аст ва нуқуди шеъри ӯ латиф ва мавзун». Накҳатӣ аз шоирони доираи адабии Ғазнин буда, дар мад- ҳи ҳукмронони ғазнавӣ қасоид сурудааст. Аз ӯ шеъре дар бораи манҷаниқ, ғазалу рубоиҳои каме ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …