Маълумоти охирин

Нақарот

Нақарот, гардон, бозгӯй, муҳимтарин ҷузъи суруд ва тарона аст, ки пас аз ҳар банд, байт 6 мисраъ такрор ёфта, барои таъкиду тақвияи маъно ва оҳанги мусиқӣ, таъ- мини робитаи мантиқии бандҳо ва ҷамъбаст кардани мақсади ҳар матни суруд ифодаёфта хизмат меку­над. Қариб ҳамаи сурудҳои маросимӣ, мавсимӣ, суруди модарон—«Ал­ла» ва ғайра Нақарот доранд. Нақаротҳо аз ҷиҳати сохт, шакл ва мазмун гуногунанд. Ин гуногунӣ ба он мавқеъ, ки Нақарот дар суруд дорад ва ба он вазифае, ки дар суруд иҷро мекунад, алоқаманд аст. Дар асарҳои фолклорӣ Нақаротҳо ба шакли нидоҳое меоянд, ки баъзан ягон маънои луғавӣ надоранд. Аз рӯи адои вазифа ва мавқеи худ дар суруд Нақаротҳо хориҷӣ ва дохилӣ мешаванд.

Дар замонҳои қадим, вақте ки бисёр сурудҳо танҳо аз нидову хитоб ва овозҳои ҳамоданг иборат буданд, Нақарот вазифаи матнро ҳам ба зимма дошт. Шакли қадимии Нақарот, ки аз маҷмӯи такрори нидоҳо ва калимаҳо иборат буд, дар су­рудҳои мотам, сурудҳои тӯӣ, сурудҳои меҳнатӣ боқӣ мондаанд. Бо мурури замон ин қабил Нақаротҳо барои шакл гирифтани матни сурудҳо асос шудаанд. Дар ин сурудҳо Нақарот бо мундариҷаи матн алоқаи мантиқӣ надошта танҳо барои қувват додани таъсири шеъру суруд, хизмат менамояд. Чунин Нақаротҳо ба гурӯҳи Нақаротҳои хори­ҷӣ дохил мешаванд.

Ин навъ Нақаротро сайёр низ мегӯянд. Нақаротҳое ҳастанд, ки бо матни суруд дар як вақт ба вуҷуд омада, бо он шаклан ва мазмунан алоқаи узвӣ доранд. Инҳо Нақаротҳои дохилии суруд буда, аксар банд, байт ё мисраи аввал ва ё охири банди худи суруд ба сифати Нақарот истифода мешаванд. Қариб ҳамаи су­рудҳои кӯтоҳсатри халқие, ки дар шакли мусаммати мураббаъ (аааа, ббба ва ғайра) гуфта шудаанд ва сурудҳое, ки матнашон ба асарҳои китобӣ тааллуқ дошта, ба репертуари ҳофизон, ҳаваскорони санъат ва артистони касбӣ дохил гардидаанд, Нақаротҳои дохилӣ доранд. Дар адабиёти советии тоҷик сурудҳои Нақаротдор зиёданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …