Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нажоди асл, насаб

Нажоди асл, насаб

Нажод асл, насаб, гурӯҳи одамони таърихан дар маҳалли муайян ташаккулёфтаро гӯянд, ки дар як вақт пайдо шудаанд. Ягонагии пайдоиши онҳо бо аломатҳои муштараки морфологию физиолога ифода гардида, ба андозае дар ҳудуди муайян тағйир меёбанд.

Гурӯҳҳои асосии Нажод Инсонияти ҳозира аз рӯи Нажод ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешавад: европоӣ, зангӣ ва муғулӣ. Европоисуратҳо бо мӯи мавҷдор ё мулоими рост, пӯсти нисбатан сафед ё гандумгун, сермӯии бадан (аз ҷумла ришу мӯйлаб) ва узвҳои таносул, бинии борики барҷаста, лабони нозуки худ фарқ мекунанд. Ба зангиҳо мӯи сиёҳи ҷингила, пӯсти сиёҳ, чашмони муҳаддаб, барҷастагии ҷоғҳо, бинии паҳн ва лаболи ғафс хосанд. Ба му- ғулсуратҳо мӯи сиёҳи дурушти рост, пӯсти зардчатоб, чашми танги мешӣ рӯй ва бинии пачақ хосанд. Ҳиндиёни Америка аз рӯи пайдоши ва бисёр аломатҳо ба нажоди муғулӣ наздиканд.

На ҳамаи инсонияти ҳозира ба ин се гурӯҳи Нажод дохил карда меша­ванд. Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Океа­ния (Уқёнусия) ва Австралия гурӯҳҳои одамоне зиндагӣ мекунанд, ки аз рӯи баъзе аломатҳо (пӯсти сиёҳчатоб, бинии паҳн, лабони ғафс) ба зангиҳои Африка наздик буда аз онҳо бо мӯйҳои мавҷдор, сермӯӣи бадану узвҳои таносул ва ғайра фарқ мекунанд. Ин қабил одамонро баъзе олимон Нажоти чорум (австралисуратҳо) ҳисоб мекунанд. Дигар антропологҳо австралисуратҳою зангиҳоро аз як Нажоти калони экваторӣ (зангию австралӣ) медонанд. Баъзе олимон (масалан, антропологи советӣ В. П. Алексеев) собит мекунанд, ки австралисуратҳо ақдоди зангиҳою европоисуратҳо будаанд. Минбаъд аз ин Нажод зангиҳою европоисуратҳо ҷудо шудаанд.

Нажоди европоӣ, ки аввал дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африкаи Шимолӣ ва Европа ташаккул ёфтааст, дар навбати худ ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мешавад: ҷанубӣ (пӯсти гандумгуи, чашму мӯи сиёх), шимолӣ (пӯс­ти сафед, чашмони хокистаррангу кабуд, мӯи зард), байни ҷанубию шимолӣ (ба онҳо пигментатсияи ми­ёна хос аст). Аз рӯи ранга пӯст, чашм ва мӯи, сохти устухону ҷойҳои нарми руй ва ғайра антропологҳо дар байни европоисуратҳо гурӯҳҳои алоҳидаи маҳаллиро ҷудо мекунанд. Европоисуратҳои ҷанубиро Нажоди баҳ- римиёназаминӣ меноманд. Дарозсарҳои (долихокефалия) Нажоди баҳ- римиёназаминй (дар Ғарб) ва ҳинду афғониро (дар Шимол) ҷудо мекунанд. Кӯтохсарҳои (брахикефалия) европоисуратҳои ҷанубӣ ба нажоди адриатикӣ ё динарӣ, осиёипешӣ ва помиру фарғонагӣ тақсим мешаванд.

Т а ъ р и х и Нажоди ҳозира. Бино ба ақидаи як гурӯҳ антропологҳо, Нажодҳо дар байни қадимтарин одамон (архантропҳо) дар якчанд марказҳои Африка, Европа ва Осиё ташак­кул ёфтаанд; аз рӯи ақидаи гурӯҳи дигари олимон бошад (аз ҷумла, аксар олимони советӣ), тақсимоти нажодӣ дертар, баъди ба вуҷуд омадани ҷинси ҳозираи одам дар ноҳияи шарқии баҳри Миёназамин ва ноҳияҳои ҳамҷавори Европаи Ҷанубӣ, Африкаи Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Ғарбӣ (ниг. Моносентризм) ба амал омадааст. Эҳтимол, дар давраи охири палеолит дар байни ҷинси ҳози­раи одамон ду маркази ташаккули Нажод ба вуҷуд омада бошад: ғарбӣ (Африкаи Шимолу Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ) ва шарқӣ (Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ). Дертар гуруҳҳои ало­ҳидаи одамон ба тамоми олам паҳн гашта, ба ҳам омехтаанд. Онҳо ба шароити гуногуни табиию географӣ мутобиқ шуда, ба Нажодҳои ҳозира ҷу­до гаштаанд. Бисёр аломатҳои на­жодӣ аввал бо роҳи мутатсия ба вуҷуд омада, хусусияти мутобиқшавӣ пайдо намуданд ва зимни интихоби табиӣ дар ҷараёни ташаккули нажод дар популятсияҳо, ки дар муҳити ҷуғрофии гуногун мезистанд, инкишоф ва интишор ёфтанд.

Инсон дар Осиёи Миёна ҳанӯз дар давраи палеолити поён

маскан гирифта буд. Аммо устухони одамони то ҳол дар ин ҷо ёфтшуда ба давраҳоп нисбатан баъдина мансуб аст. Устухони писарбачан неандерталӣ, ки аз мағораи Тешиктош ёфт шуд, ба палоолити миёна, ба давраи мусте тааллуқ дорад. Қароргоҳи назди Самарқанд, ки аз он ду ҷоғи одами типи ҳозира ёфт шуд, ба охири палеолит мансуб аст. Онҳо ба ҷоғҳое айният доранд, ки аз қа роргоҳи давраи палоолит дар Чехос­ловакия, аз қабристони давраи мезо­лит дар Украина ва аз мағораи дав­раи мезолит — Ҳоту дар Эропи Шимолӣ ёфт шудаанд. Ду косахонаи са­ри дар  ҷануби Ӯзбекистон, аз мағораи Мағат ёфтшуда ба давраи гузариш аз охири палеолит ба мезолит мансубанд. Як қатор аломатҳо боиси ақидае шуданд, ки косахонаҳои cap ба Нажоди европоӣ (шояд баҳри миёназаминӣ) дохил мешаванд.

Дар Тоҷикистон, дар он минтақаҳое, ки ҳоло зери оби барқи Тоҷик мондааст, устухони одамоне ёфт шудаанд, ки 8 ҳазор сол қабл, дар давраи неолит зиндагӣ кардаанд. Ба онҳо асосан аломатҳои Нажоди европоӣ хос аст. Умуман аҳолии Осиёи Миёна дар давраи неолит аз ду типи антро­пологӣ иборат буд: дар шимол ва шимолу ғарбии Қазокистон европоисуратҳои ибтидоӣ ва дар Ҷ., дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нажоди ибтидоии баҳримпёназаминӣ зиндагӣ мекарданд. Аз кабристону қароргоҳҳои мансуб ба ҳвзораи 3—2 то м. миқдори зиёди косахонаҳои cap ёфт шуданд, ки ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Типи антропологии аҳолии он давраи ҳудуди Қазокистон европоисуратҳои қадим буданд, ки рӯи онҳо васеъу кӯтоҳ, паҳну гирда буданд. Аҳолии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз ҷиҳати нажод якхела буд ва ба типи ҷануби европоисуратҳои гавдумгун до­хил шуда, сари дароз, рӯи борику дароз, чашмҳои калон, бинии борики теғдор ва баланд доштанд.

Дар охири ҳазораи то мелод дар Қазокистон типҳои антропологие пайдо шу­данд, ки дороӣ аломатҳои Нажоди муғулӣ буданд. Дар аввал ин аломатҳо кам буданд, баъдтар европоисурат­ҳои маҳаллӣ бо муғулсуратҳои аз Шарқ омада омехта шуданд ва ин ба ташаккули типе оварда расонд, ки ба қазоқҳо ва қирғизҳои имрӯза хос буда, нажоди Сибири Ҷанубӣ ном дорад. Хусусиятҳои хоси он: рӯи паҳну пачақ, каммӯю камришӣ, бинии рости теғадори баланд. Дар дохили ин нажод вариантҳои алоҳидаи маҳаллӣ ҳастанд. Чунончи, аломат­ҳои муғулии аҳолии қисми кӯҳии Қирғизистон назар ба аҳолии қисми ҳамвории он зиёдтар аст.

Дар асрҳои охири то мелод дар қисми ҷанубии Осиёи Миёна типҳои антропологии аҷнабие пайдо шу­данд, ки онҳо аз вилоятҳои шимол ва шимолу шарқӣ (нисбат ба ҷануби Осиёи Миёна) баромадаанд. Онҳо қабилаҳои сакоиҳо (шокҳо) буданд, ки қисман бо аҳолии маҳаллӣ дурага мешуданд ва қисман аҳолии маҳаллиро ба вилоятҳои кӯҳӣ танг карда мебароварданд. Типи нажодии аҳолии ин ҷо дар ибтидо ва нимаи аввали ҳазораи 1 мелоди европоӣ буд, вале он аз типи баҳримиёназаминии шарқии пешина тафовут дошт. Дар ин вақт каллаи хурд, андозаи муътадили рӯй, бинӣ, на он қадар барҷаста будани сатҳи горизонталии (уфуқии) рӯй мушоҳида мешаванд. Ҳамин тавр, ивазшавии типи антропологӣ cap шуд. Аммо ин ҳолат танҳо ба қисми ҳам­вории кишвар дахл дорад. Дар минтақаи кӯҳӣ Тоҷикистон типи нажо­дии баҳримиёназаминии шарқӣ боқӣ мемонад (бозёфтҳо аз Панҷакент).

Тоҷикон намояндагони типи ант­ропологие мебошанд, ки бо номи «помиру фарғонагӣ» (Ярхо) ё «типи мовароуннаҳрӣ» (Л. В. Ошанин) маълум аст. Хусусиятҳои хоси он­ҳо: ранги сиёҳи мӯй ва чашм, мӯйҳои мавҷнок, сабзиши пуравҷи ба­дан ва ришу бурут, дарозии мӯъта­дили рӯй, бинии росту борики бар­ҷаста, пешонаи рост ва тараққиёти сусти устухони абрӯ. Қабилаҳои эронизабони Помири Ғарбӣ (язгуломиҳо, рушониҳо, шуғнониҳо, ғурониҳо, вахониҳо) аз тоҷикони кӯҳистон қадре фарқ доранд. Барои онҳо пӯс­ти нисбатан сафед (гандумрангӣ танҳо дар 5% таҳқиқшудагон мушоҳида шудааст), ранги равшантари чашм (сиёҳчашмӣ дар 51% ва ранги омехтаи чашм дар 47% таҳқиқшудагон мушоҳида шуд) хос аст. Сабаби ин шояд изолятсияи давомнок (муддати мадид набудани равобит бо олами беруна) бошад, ки он дар на- тиҷаи никоҳи хешони наздик боиси аз байн рафтани рангҳои равшан мегардад. Ранги мӯи онҳо сиёҳи кабудтоб (сиёҳи баланд), сиёҳ ва си­ёҳи дорчинтоб (кӯдакон аксар вақт малламӯй). Мӯяшон нарм, рост ё до­рои мавҷҳои калон. Сабзиши ришашон мӯътадил ё аз мӯътадил боло, аммо сабзиши пашми бадан (дар сина) суст ё мӯътадил. Пуштаи биниашон рост ё камоншакл, рӯяшон бо­рик ва ба қадри кофӣ дароз. Хусу­сиятҳои типи морфологии помириҳоро ба вилоятҳои ғарбӣ бо кӯҳсори Эрон, Закавказия ва Кавкази кӯҳӣ алоқаманд менкунанд. Аммо ин шабоҳати маҳз морфологист ва ба саромади (генезиси) ин тип муносибате надорад.

Аз рӯи асоситарин хусусиятҳои морфологӣ, физиологӣ ва психологӣ одамони Нажодҳои гуногун ба ҳам хеле монанд буда, аз якдигар хеле кам фарқ мекунанд. Назарияҳои иртиҷоии вуҷуд доштани Нажодҳои «олӣ» ва «паст» (ниг. Нажодпарастӣ), инчунин аз ҷинсҳои гуногуни маймунҳои олӣ пайдо шудани онҳо асосе надорад. Маълумоти антропология ва дигар илмҳо далели он аст, ки ҳамаи Нажодҳо аз як ҷинси гоминидҳо (ниг. Моногенизм) ба вуҷуд омадаанд. Имконияти номаҳдуди омехташавии Нажодҳо, аз ҷиҳати биологӣ ва иҷтимоию маданӣ комил будани гурӯҳҳои омехтаи одамон ягонагии азалии ива тамоман нодуруст будани ақидаи нажодпарастиро собит менамоянд.

Ад.: Д е б е тс Г. Ф., Палеоантрополо­гия ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, М.— Л., 1948; Ошанин JI. В., Антропологический состав и воп­росы этногенеза таджиков и узбеков Южного Таджикистана, Сталинабад, 1957: Рогинский Я. Я., Левин М. г., Антропология, М., 1963; Нес* ту рх М. Ф., Человеческие расы. М., 1965; ‘Алексеев В. П., География че­ловеческих рас. М., 1974.

Т. П. Кияткина.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …