Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмуддини Заркӯб

Наҷмуддини Заркӯб

Наҷмуддини Заркӯб Наҷмуддин Абӯбакр Муҳам­мад ибни Мавдуди Зоҳирӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1313, Табрез), шоири мутасаввифи форс-тоҷик. Дар тазкираву манбаъҳои адабӣ чузъиёти тарҷумаи ҳолаш зикр нашудааст. Ӯ ҳамчун шахси донишманд, шоири тавоно ёд мешавад. Дар тасаввуф пайрави Саъдуддини Ҳамавӣ будааст. Наҷмуддин 3аркӯб бо Рашидуддини Фазлуллоҳ — вазири маъруф, муаллифи асари таърихии «Ҷавомеъ-ут-таворих» робитаи дӯстӣ дошт. Ашъори сӯфиёнаи ӯ, инчунин рисолаи «Китоб-ул-футувват»-аш то замони мо расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …