Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмуддини Курбо

Наҷмуддини Курбо

Наҷмуддини Курбо (1145—1221), Аҳмад ибни Умар ибни Муҳаммади Хоразмӣ, мутафаккири мутасаввифи форс-тоҷик. Наҷмуддини Куброро ба туфайли нуктасанҷию заковати баланд ва ба ҳар саволи мушкил ҷавоби саҳеҳ ёфтану дар мубоқисаҳо ғолиб баромаданаш Томатулкубра, аз ваҷҳи гӯшагирӣ Абулҷониб ва аз сабаби тарбияи му- ридони зиёд Шайхи валитарош лақаб ниҳодаанд.

Наҷмуддини Кубро дар овони ҷавонӣ ба Миср рафта, муддати зиёде дар тарбияи шайх Рӯзбехони Мисрӣ буда, баъд ба Табрез баргашта, илми шарҳи суннаро аз имом Абумансур меомӯзад. Дар омӯзиши илмҳои шаръӣ конеъ нагашта рӯ ба тасаввуф меова- рад ва хидмати ду-се шайхи замонашро адо карда, боз ба Миср бармегардад. Наҷмуддини Кубро бо фармоиши шайх Рӯзбеҳон бо аҳли байташ бо Хоразм баргашта, фирқаи нав — Кубравияро таъсис мекунад.

Ҳангоми истилои муғул дар муҳорибаи Хоразм кушта шудааст. Аз осори гуногунмавзӯи Наҷмуддини Кубро, ки масъалаҳои мухталифи динӣ, фалсафӣ ва тасаввуфро дар бар мегиранд. асарҳои зерро номбар кардан мумкин аст: «Фӣ одоби соли- кин» («Дар одоби соликон»), «Рисолат-ул-хоиф-ул-ҳоим ан лавматил-лоим» («Рисолаи тарсандаи ово­ра дар бораи маломати маломаткунанда»), «Фавотеҳ-ул-ҷамол» («Фатҳкунандаи зебоӣ»), «Рубоиёти сӯфиёна» ва ғайра Наҷмуддини Розӣ, Саъдуддини Ҳамавӣ, Маҷдуддини Бағдодӣ, Баҳоуддини Валад, Сайфуддини Бохарзӣ ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони Наҷмуддини Кубро  мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …