Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмуддин Ҳасани Кавкабии Самаркандӣ

Наҷмуддин Ҳасани Кавкабии Самаркандӣ

Наҷмуддин Ҳасани Кавкабии Самаркандӣ  (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), мусиқишинос, машшок, ҳофиз ва бастакори асри 16 тоҷик. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Самарқанд омӯхтааст. Аз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ навохтани созҳо, санъати сарояндагӣ ва назарияи мусиқиро аз худ кардааст. Сипас барои такмили маҳорат ба Бухоро рафта, аз Кавкабии Бухороӣ илми адвор ва дигар таркиботи мусиқиро меомӯзад. Санъаткорони номии замонаш Дарвеш Бузғолаи Самаркандӣ,, Мулло Бобои Қамчин. Устод Алишоҳ, Мулло Ахии Кафшдӯз ва дигар мусиқиро аз ӯ омӯхтаанд. «Савт», «Амал», «Пешрав» ва «Нақш»-ҳои зиёдеро ба мақомҳои «Ироқ», «Кучак», «Рост» эҷод карда, бо ҳамкории Устод Алишоҳ «Савти хушгилӣ» ва «Нақши диловез»-ро барои Хоҷа Мираки Ҷангии Бухороӣ тасниф намуд. Барои устодаш Кавка­бии Бухороӣ «Амали Кавкабӣ», «Сав­ти гавҳар»-ро эҷод кард, ки дар Са­марканду Бухоро шӯҳрати тамом дошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …